Ҳушдор: 1000 нафарро саг газид…

Ба назар мерасад, ки сол то сол теъдоди саггазидаҳо бештар мешавад, вақтҳои охир гаштугузори сагони велгарду бесоҳиб дар тамоми кўчаву паскўчаҳо хеле зиёд ба назар мерасанд. Тибқи маълумотҳои ғайрирасмӣ дар нўҳ моҳи соли равон дар ҳудуди вилоят беш аз 1000 нафарро саг газидааст. Ин дарак аз он медиҳад, ки масъулини соҳаи профилактикиву безараргардонии сагҳои ҳорӣ ҳанўз дар ин самт бетарафӣ зоҳир мекунанд. Дар ҳолест, ки ин масъала мавриди интиқоди Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ дар ҷаласаи фаъолони вилоят гардида буд.

Теъдоди сагон зиёду саггазидаҳо ҳам

Аз рўи маълумотҳои расида дар ҳудуди вилоят пеш аз 1000 нафарро саг газидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда хеле зиёд мебошад. Дар ин феҳраст шаҳру ноҳияҳои «пешсаф» дар бобати саггазидаҳо, мутаассифона, чун пештар шаҳру ноҳияҳои Хуҷанду Конибодом, Исфараву Зафаробод, Бобоҷон Ғафурову Истаравшан ва Гулистону Бўстон боқӣ мондаанд.

Тавре мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, дар шаҳру ноҳияҳои мазкур теъдоди сагони бесоҳиб низ рўз то рўз майлони зиёдшавӣ дошта, беназоратӣ то дараҷаест, ки сагони ҳорӣ села-села мегарданду субҳу шабонгоҳ аз ягон кўчаи хилват убур кардан хавфнок шудааст.

Коршиносон чунин пешомадро аз беаҳамиятии масъулин ва бепарво шудани инсоният нисбати олами ҳайвонот арзёбӣ мекунанд. Аммо суоли матраҳ ин аст, ки инсонҳои саггазидаро чӣ оқибате ба дунбол хоҳад дошт?

Чунончӣ, дар матлабҳои пештар ишора карда будем, ба бадани инсон баъди газидани саг махсус вируси ҳорӣ ворид мешавад, ки дар як муддати кўтоҳ тамоми вуҷудашро фаро мегирад. Табибон вазъи саломатии саггазидаро барои ҳаёт хеле хавфнок арзёбӣ мекунанд. Инсони саггазида агар сари вақт табобат ва ё пешгирӣ карда нашавад, ба атрофиён зарар расониданаш мумкин. Вируси ҳорӣ аслан кам табобатшаванда буда, хатари хеле зиёд доштанашро аксарияти олимон дар рисолаҳои илмиашон қайд намудаанд. Як чизи дигарро бояд ба назар гирифт, ки агар нафари саггазидаро сари вақт ба муоинаи тиббӣ набаранд, девона шуда, мисли саг аккос мезанад ва шабҳои маҳтобӣ уллос мекашад. Хўю хислати саги газанда дар вуҷуди инсон пайдо шуда, атрофиёнро кўшиши газидан мекунад ва бо ин роҳ вируси ҳориро ба дигарон интиқол медиҳад.

Нархи осмонии доруворӣ ё бепарвоии «Суғдфарматсия»

Тавре пурсишҳо нишон дод, дар дорухонаҳои вилоят нархи ваксина якранг нест. Дорувории зидди саггазида аз 80 то 120 сомонӣ нарх дошта, суоле ба миён меояд, ки кадом мақомот бояд чунин бебандубориро назорат кунад? Чаро фарқият 5 ё 10 сомонӣ набуда, балки то 40 сомонӣ тафовут дида мешавад? КВД «Суғдфарматсия» оё ин нуктаро зери назорат дорад? Агар ҳа, чаро ҳар доруфурўш нархи дилхоҳашро гузошта мефурўшад?

Тасаввур кунед, барои як инсони саггазида камаш 8 ё 10 ваксина бояд харидорӣ карда шавад, ки дар маҷмуъ 800 ё 1000 сомониро дарбар мегирад.

 Оё ба ин нукта ягон масъул назар кард? Ё худ саггазидаҳо низ дар ҳар давраи ҳисоботӣ нақша доранд? Ё ҳанўз нақшаи саггазидаҳо аз ҳисоби фурўши дорувории нархи осмонидошта иҷро нашудааст? Ё худ аз ҳама аламовар то нақшаи саггазидаҳо иҷро нашавад, масъулин дастбакор намешаванд? Ҳол он ки тавре дар боло овардем, дар ҳудуди вилоят тўли нўҳ моҳ 1000 нафарро саг газида бошад, кам не ғам не, ба ҳисоби тахминӣ (минималӣ)-и мо аз кисаи бечора саггазидаҳо ба кисаи дорухонаҳо 1 миллион сомонӣ маблағ ворид шудааст.

Суоли нокушода ин аст, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо барои пешгирӣ, профилактика ва расонидани ёрии амалӣ барои саггазидаҳо оё аз буҷети маҳаллиашон маблағ ҷудо намудаанд? Тавре дар маҷлиси васеъ, ки санаи 24 октябри соли 2017 оид ба ҳодисаҳои саггазӣ аён гардид, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру навоҳӣ ҳанўз фурсати ҷудо кардани маблағ дар ин самтро надоштаанд. Чунончӣ, дар ҷаласа маълум гардид, аксари шаҳру ноҳияҳо дар ин самт чораҳои амалӣ наандешидаанд. Ҳол он ки тибқи талаботҳо бояд ҳокимияти маҳалҳо барои пешгирии ҳодисаҳои саггазӣ ва таъмини ваксинаҳои ройгон маблағи махсус ҷудо намоянд. Коршиносон иброз медоранд, ки дар ягон давраи ҳисоботӣ чунин теъдоди зиёди газидани саг ба чашм нарасидааст.

Сагони бесоҳиб муаммои рақами як

Аслан, мардуми саггазида имрўз намедонанд, ки бо сагон чӣ гуна мубориза баранд. Аз ҳама бадии кор дар ин ки намедонанд баъди саг газидан ба кӣ муроҷиат кунанд. Зеро, агар саг соҳиб дошта бошад, кор ба хайр аст, чунки ташхиси луоби дандони саг нишон медиҳад, ки ў гирифтори бемории ҳорӣ аст ё на. Агар бадбахтона, саг велгарду бесоҳиб бошад, дар он сурат ташхис ҳеҷ имкон надорад ва муайян намудани вируси он зери суол боқӣ мемонад.

Аз рўи гуфтаи пизишкон аз 100 танҳо 25 фисади онҳоеро, ки саги девона газидааст, наҷот додан имкон дорад, аммо аксарият девона ва ё ба марги муфоҷо гирифтор мешудаанд. Ҳини суҳбат аён шуд, афроде, ки саги девона газидааст, нафақат ба инсонҳо ҳуҷум, ҳатто дигар ҳайвонотро низ кўшиши газидан мекардаанд.

Аз ҳама нуктаи муҳим ҳар субҳ аксарият ба варзиш машғул мешаванд ва дар кўчаҳои шаҳр медаванд. Аз суҳбати чунин афрод бармеояд, ки онҳо низ борҳо мавриди ҳамлаи сагони ҳорӣ гаштаанд.

Шабҳо ваҳимтару даҳшатноктар шудаанд…

Вақтҳои охир дар кўчаву паскўчаҳои шаҳру ноҳия ва деҳот тўдаи сагони ҳарҷогарду бесоҳиб зиёд шудааст. То ба ин вақт ҳамлаҳои зиёди сагони дайдуро аксарият дидаву шунидаанд. Гузашта аз ин, дар қатори тўдаҳои бесоҳиби сагони ҳарҷогард сагҳои ҳорӣ (бешеннқе пси ) низ ба қайд гирифта шудаанд.

Бахусус, дар ҷойҳои камодам гаштугузор намудан хеле хавфнок шудааст. Салима Ҳаитова, сокини шаҳри Хуҷанд мегўяд, ки ў бим дорад, шабонгоҳ фарзандонашро ба кўча фиристад.

- Метарсам, ки бо сагони дайду бархўрд намудани фарзандонам маро ташвиш медиҳад, чунки аксари онҳо ҳорӣ шудаанду дар сурати газиданаш ҳаёти онҳоро зери хатар монондан намехоҳам, -мегўяд ў.

Сокинони дигар низ аз зиёд шудани сагони велгард изҳори нигаронӣ доранд. Бештари онҳо дар суҳбат иброз доштанд, ки рўз то рўз зиёдшавии сагони дайдуро мушоҳида кардаанд ва хавфи оқибати бади чунин пешомадро тахмин мезананд.

Боз айби қассобон ва профилактикаи ноҷо

Тавре дар матлаби пештара низ ишора карда будем, зиёдшавии партови хуни қассобхонаҳо ба ҷойҳои камодам ва беэҳтиётии қассобон сабаби нахустини пайдоиши бемории ҳории сагон гаштааст. Ин ҳолат торафт аз як саги ҳорӣ ба дигар сагони солим хавфи интиқол ёфтани вируси девонагиро доштааст.

Соҳибназарон мегўянд, баъзе қассобҳо на фақат бефарқ, ҳатто хеле ифлосанд, ки баъди забҳи мол хуну узвҳои нолозимаи гову гўсфандро ба мавзеъҳои беодам мепартоянд. Ба ақидаи бештари ҳамсуҳбатон, хусусан хуни ҳайвони забҳшуда, ки барои сагон мастӣ ва ҳолати ҷунунро меовардааст, торафт мисли инсони шаробхор хунхор шуда, як навъ одатӣ ва хислати тобеият ба хуношомӣ пайдо мекардаанд. Аз ин хотир, дар ҳолати ғайрисанитарӣ нигоҳдорӣ ва партофтани хун дар таркиби он вирус пайдо шуда, сагонро ҳорӣ мекардааст.

Сабаби дигари ҳорӣ шудани сагонро мушоҳидони ҳол ба профилактикаи нодуруст рабт медиҳанд. Зеро, ба гуфтаи шоҳидон баъди парронидан ва безарар кардани сагони ҳорӣ онҳо бояд дар чуқурии на кам аз 8 метр гўр карда шаванд. Вагарна, сагони сиҳати дигар мурдаи саги гирифтори вируси ҳориро ёфта мехўранд ва дар натиҷа вирус ба баданаш интиқол меёбад.

Дар баъзе кишварҳо баъди безараргардонӣ ҷасади сагони вирусдорро пурра сўзонида гўр мекардаанд. Чунончӣ, аз пурсишҳо аён гардид, дар мо на фақат сўзонидан, балки ба 8 метр гўр кардани он низ ба назар намерасидааст. Албатта, чунин коргузорӣ бемаълумотӣ ва камоли ноогоҳии масъулинро нишон медиҳад.

Фориғболии баъзе шаҳрдорони шаҳру ноҳияҳо боиси сари вақт безараргардонии сагони ҳорӣ мешавад, ки бояд дар ин самт чораҳои зарурӣ ва саривақтӣ андешид. Вагарна, боз то охири сол шояд теъдоди саггазидагон зиёдтар шавад. Бояд аз ҷониби раисони шаҳру навоҳӣ сари вақт тибқи амри Раиси вилоят барои безараргардонии сагони бесоҳибу ҳорӣ маблағҳои зарурӣ ҷудо гардад, зеро ин хавф метавонад оқибатҳои ҷиддӣ ба бор оварад.

Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh