Хушунат нисбат ба зан: Сарчашма ва омилҳои зуҳури муаммо

Ман 23 сол инҷониб оиладорам, соҳиби чор фарзанд ва ду набера ҳастам. Шавҳарам мунтазам обрў ва эътибори маро дар оила паст мезанад, ҷанҷол мекунад ва дашноми қабеҳ дода, лату кўб мекунад. Ман намехоҳам, ки нисбат ба шавҳарам чораи қонунӣ андешида шавад, лекин мехоҳам, ки ў рафтори ношоистаи худро ислоҳ намояд ва ба ман ҳамчун инсон муносибат кунад… Мутаассифона, имрўз ба ин монанд арзу шикояти занонро зиёд мешунавем…

Ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мавриди хушунат ва зўроварӣ нисбат ба занҳо бисёр нигарон аст ва чандин даҳсолаҳост, ки баҳри аз миён бардоштани ин зуҳуроти номатлуб талошҳои рўзафзун дорад, вале мутаассифона, хушунату зўроварӣ ва таҳқири занҳо аз муаммоҳои мубраму ҳалталаби ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз ҷумла Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Бо ин ҳама талошҳо коршиносон омилҳои то ҳанўз зуҳур кардани хушунату зўровариро дар паст будани маърифати ҳуқуқии аксари занону мардон медонанд. Бино ба андешаи мутахассисон бисёриҳо намедонанд, ки зўроварӣ дар оила рафтори ғайриқонунӣ аст. Таънаву таҳқир кардан, обрў ва эътибори касро паст задан, дашном додану ҳақорат кардан, бо овози баланд дағалона муносибат намудан, лату кўб кардан, маҳдуд намудани муошират бо наздикону пайвандон, монеъ шудан барои идомаи таҳсил ва ё кор рафторҳое мебошанд, ки зўроварӣ дар оиларо нишон медиҳанд.

Зан бошам агар…

Яке аз сабабҳои душвор будани коҳиши зўровариро нисбат ба занон дар рўҳияи таҳаммулпазирӣ ба хушунат тарбия ёфтани духтарону занон, бавеҷа занону духтарони Шарқ метавон арзёбӣ кард.

Мушоҳида мекунем, агар мардон чизеро исбот карданӣ бошанд, ҳатман мегўянд: -зан бошам, агар ин корро карда бошам…

Воқеан, агар ҷиддан фикр кунем, ин рўҳияи бемории ҷомеаро ҳатто дар зарбулмасалу мақолҳо пайдо карда метавонем. Бубинед, мақолу зарбулмасалҳое, ки ба занҳо рабт доранду ҳазорсолаҳо сари забонҳост чӣ маъниҳоро ифода мекунанд: «Занро бизан, гар намурд бо табари кунд бизан...», «Зана худаш чию гапаш чӣ?», «Мўйдарози кўтоҳақл», «Дарахти макри зан сад реша дорад, Фалак аз дасти зан андеша дорад....» Ё мардон ва ҳатто, баъзе аз занон низ бар ин андеша ҳастанд, заноне, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол нестанд, садафҳои арзишманде ҳастанду заноне, ки дар фазои маҷозӣ фаъоланд, хасҳои рўи об. Мутаассифона, чунин андешаҳоро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ зиёд мебинем. Ба ин маънӣ баъзеҳо зани ҳиҷобиро қанди коғазпечу беҳиҷобро баръакси он медонанд.

Бо чашми кам дидани зан аз куҷо сарчашма мегирад? Оё ин ҳарфҳоро аз кўдакӣ шунида, муносибати хуб доштан ба занҳо имкон дорад?

Коршинос, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров Машҳура Бобоева яке аз сарчашмаҳои асосии ин зуҳуротро пеш аз ҳама ба муҳити ҷомеа марбут медонад, ў қайд мекунад, ки аз хурдӣ ба таҳаммулпазирӣ ва сабру тоқат тарбия кардан бештар ба реша давондани зўроварӣ ва хушунат мусоидат мекунад, зеро зан барои талаб ва ҳимояи ҳуқуқҳои худ омода нест. Вазъи иқтисодӣ низ ба поймол гардидани ҳуқуқи занон шароит фароҳам меорад, зеро аксари онон имрўз аз ҷиҳати молӣ тобеи мардон ҳастанд.

 Машҳура Бобоева ҳамзамон паст будани маърифати оиладориро дар ин замина омили муҳим арзёбӣ карда, таъкид мекунад, ки ҷавонони мо ба оиладорӣ низ омода нестанд.

Дар заминаи тарбия мавсуф қайд мекунад, ки хислат ва характеру шахсияти инсон то 14-солагӣ шакл мегирад ва дар ин марҳала таъсири афкор ва ақидаи атрофиён хеле муҳим аст.

Аммо дар ин баробар дониш ва ҷаҳонбинии ҳар шахсро бояд ба инобат гирифт. Масалан, мо гуфта наметавонем, ки фарзанди падари зўровар ҳатман ба хушунат майл пайдо мекунад, албатта ин тавр нест, аммо дар бештари ҳолат ин омил метавонад, ки ба шаклгирии шахсият ва характери кўдак таъсир гузорад.

Дини мубини Ислом занонро дар баробари мардон қарор дода, ҳатто дар баъзе ҳолатҳо ҳуқуқи занонро аз мардон боло медонад, -мегўяд Ориф Байзоев, муовини имомхатиби масҷиди Шайх Маслиҳатдини шаҳри Хуҷанд. Ў таъкид мекунад, ки дар муносибату муомилаву рўзгордорӣ байни зану шавҳар бояд ҳамдигарфаҳмӣ бошад, аммо, мутаассифона, имрўз нисбат ба якдигар, хусусан нисбат ба занҳо аз ҷониби мардон дағаливу хушунат, бор кардани баъзе аз корҳое, ки занон қудрати онро надоранд, дида мешавад. Нисбат ба модарону хоҳарон ва ҳамсарон хушунат кардану зулм намудан, аз меъёри қудрату тавони зан зиёд талаб намудан аз нигоҳи шариат ҳаром аст. Марде, ки чунин рафтор мекунад дар назди Худованд гунаҳкори бузург аст, - мегўяд мавсуф.

Воқеан ҳам, Худованд дар Қуръони маҷид сураеро бо номи «Нисо» нозил кардааст. Сураи мазкур ҳақ ва ҳуқуқи занонро аз нигоҳи Ислом мушаххас мекунад. Ва боз дар чанд сураҳои дигар роҷеъ ба ҳуқуқҳои занон сухан рафтааст. Пас дар ҳоле, ки аксар шаҳрвандони кишвари мо мусулмонанд, чаро мушкили зўроварӣ нисбат ба занҳо масъалаи ҳалталаб боқӣ мемонад? Оё ин амал паст будани маърифати динии моро нишон медиҳад ё чизи дигар?

Ба андешаи мо, нишони солимии ҷомеаи мутамаддин ин сатҳи арҷгузорӣ ба занону кўдакон аст. Ҷомеае, ки ба зан - модар, зан - хоҳар, зан - ҳамсар арҷ намегузорад, рў ба таназзул хоҳад овард. Аммо дар ҳоле, ки ҷомеаи мо фарзандонро дар рўҳияи як зина паст будани ҳуқуқҳои зан тарбия мекунад чӣ гуна адолати ҳуқуқии муносибати зану мардро метавон таъмин кард? Ё худ фарзанде, ки аз хурдсолӣ таҳқир ва паст задани занро мушоҳида мекунад, худ чӣ гуна шахсият ба воя мерасад? Метавон гуфт агар аз хурдӣ насли нав бо рўҳияи эҳтироми ҳуқуқҳои зан ва баробарҳуқуқии зану мард бузург шавад, мушкили хушунат ва зўроварӣ нисбат ба зан хеле осон хоҳад шуд. Ба андешаи равоншиносон дар ин самт пеш аз ҳама аъзои оила ва бахусус волидон бояд ба фарзандон намунаи ибрат бошанд. Зеро, агар ба таҳлилҳо назар дўзем, зан аллакай аз овони кўдакӣ ба зўроварӣ рў ба рў мешавад. Дар хонаи волидон падару бародарон, дар хонаи шавҳар қариб тамоми аъзои оила «хўҷаини зан» ҳастанд. Шавҳар, хусуру хушдоман ва, ҳатто, хоҳару додари шавҳар арўси хонаро ба зўроварии ҷисмониву равонӣ рў ба рў мекунанд, ки мутаассифона, дар баъзе ҳолатҳо ба ҷудошавии оилаҳо ва ё худкушии занон оварда мерасонад.

Муҳаббат ном зане, ки хонавайронии хешро дар зўроварӣ, хушунати пайваста аз ҷониби шавҳар ва пайвандон медонад баъд аз таҳаммулҳои зиёд ба хулоса мерасад, ки бояд сабру тоқат карданро бас кунад ва зиндагии хешро дигар созад. Ҳоло ў бо ду фарзандаш аз оилааш ҷудо зиндагӣ мекунад ва мегўяд:

Таҳаммул гарчӣ маҳмуд асту нафъи бекарон орад,

Вале бояд начандонаш, ки мардиро зиён орад.

Нигина бошад, новобаста аз таҳқиру зўровариҳо аз оилааш ҷудо шуданӣ нест ва инро тақдири хеш медонад.

Метавон гуфт бо вуҷуди тағйири сохти иҷтимоӣ, гузаштан ба иқтисоди бозорӣ ва раванди муҳоҷират, ки саросарӣ шудааст, фарҳанги роиҷ дар ҷомеаи Тоҷикистон, ки занро аз хурдӣ ҳамчун хидматгори хона ва дар оянда хидматгори хонаводаи шавҳар тарбия мекунад, тағйири чандоне накардааст. Албатта баланд бардоштани маърифати динӣ ва ҳуқуқии насли нав дар ин раванд айни мақсад аст.

Дар ин маврид қонун чӣ мегўяд?

Давлат ҳимояи оиларо кафолат медиҳад. Аз ҷумла қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи пешгирӣ аз зўроварии оилавӣ» барои муҳофизат ва нигоҳ доштани оила равона шудааст.

Тибқи қонуни мазкур дар ҳолати муроҷиати якуми ҷабрдида нисбат ба зўровар Амрномаи муҳофизатӣ аз ҷониби нозири минтақавӣ бароварда мешавад. Дар асоси ин Амрнома ҳуқуқҳои зўровар маҳдуд карда шуда, кирдор ва рафторҳои ғайриқонунии ў манъ карда мешавад. Мутахассисон мегўянд, ки тибқи ин қонун зўровар ба мўҳлати 15 шабонарўз аз ҷониби нозири минтақавӣ ва намояндагони кумитаи маҳалла таҳти назорат гирифта мешавад. Дар ҳолати иҷро нагардидани муқаррароти Амрнома ҳабси маъмурӣ ба мўҳлати 15 рўз анҷом дода мешавад. Аммо мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки дар бештари ҳолат занон аз болои зўроварӣ нисбат ба худашон ба мақомоти дахлдор шикоят намебаранд. Сабаби ин омилро пеш аз ҳама метавон дар урфу одат ва табиати таҳаммулпазирии занон донист. Дуруст аст, ки муносибати хонаводагӣ бояд дар ҳадди оила ҳаллу фасл шавад ва берун бурдани ҷанҷоли оилавиро аксаран дуруст намедонанд, аммо дар ҳоле, ки хушунат ва таҳқир ҳуқуқҳои як нафарро поймол мекунад, бояд ҳатман ба чунин амал чора андешид. Дар ин самт баланд бардоштани сатҳи дониши ҳуқуқии шаҳрвандон, талошҳои хамаҷонибаи мақомоти дахлдор ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ судманд мебошанд.

Марказҳои буҳронӣ. Кор ва пайкори онҳо

Дар Тоҷикистон барои занони мавриди зўроварӣ қароргирифта чандин маркази буҳронӣ амал мекунад. Ташкилоти ҷамъиятии маркази занон «Гулрухсор» яке аз аввалин марказҳои буҳронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, ки он дар асоси таҷрибаи марказҳои буҳронии мамолики дигари ҷаҳон фаъолият менамояд. Марказ соли 1996 дар доираи барномаи Лиен - Таъсис бо дастгирии Ассотсиатсияи Миллии занҳои соҳибкори Тоҷикистон ташкил ёфтааст ва ба занҳое, ки дар ҳолати буҳронӣ қарор доранд, машваратҳои равонӣ, ҳуқуқӣ ва иҷтимоиро пешниҳод менамояд ҷиҳати барҳам додани хушунат нисбат ба занон дар ҷамъият, расонидани кўмаки амалӣ барои ҷабрдидагони хушунати оилавӣ мусоидат мекунад. Баҳри кам кардани зўроварӣ ва хушунат нисбат ба занон айни ҳол Маркази «Гулрухсор» бо ду лоиҳа кор карда истодааст, ки яке дар самти баланд бардоштани иқтидори паноҳгоҳи муваққатӣ мебошад. Паноҳгоҳи муваққатӣ барои занҳое, ки гирифтори хушунат шудаанд ва ё дар ҳолати буҳронӣ қарор доранд, давоми 14 шабонарўз ҷои зист пешниҳод намуда, баҳри ҳалли муаммо ва мушкилии занҳои муроҷиаткунанда мусоидат мекунад. Паноҳгоҳи муваққатӣ, пеш аз ҳама, ба занон ва кўдакон-ҷабрдидагони шаклҳои гуногуни хушунат ҷисмонӣ, равонӣ, шаҳвонӣ сарпаноҳ дода, ҳамзамон ба занони дар ҳолати тартибдиҳии ҳуҷҷатҳо барои қатъ кардани ақди никоҳ ва ё дигар ҳуҷҷатҳои ҳуқуқие, ки бо тақсими молу мулк вобаста аст, ба модарони танҳо, ки фарзанд ба воя мерасонанд ё дар ҳолати буҳронӣ қарор доранд, кўмак мерасонад.

Лоиҳаи дигар ба ҳифзи ҳуқуқи занҳо баҳри пешгирӣ аз хушунати хонаводагӣ равона шудааст. Бо ин мақсад гузаронидани тренингҳои омўзишӣ дар мавзуи ҳуқуқи зан дар доираи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, баргузор намудани вохўриҳои иттилоотӣ ва машваратҳои сайёр ба назар гирифта шудааст. Зимни ин машваратҳо дар шаҳру ноҳияҳои вилоят барои занҳо маслиҳатҳои ҳуқуқиву равонӣ дода шуда, талош мешавад маърифати ҳуқуқии онҳо баланд бардошта шавад.

Бино ба маълумоти Заррина Абдуқодирова раиси Ташкилоти ҷамъиятии маркази занон «Гулрухсор» дар 9 моҳи соли 2017 ба ин марказ 1511 нафар зан муроҷиат кардааст. Мавсуф қайд мекунад, ки бештари занон бо муаммои психологӣ муроҷиат мекунанд. Ҳал нашудани муаммоҳои психологӣ боиси сар задани ҷанҷолҳои оилавӣ мегардад ва ин бошад, ҳатто ба ҳолати худкушӣ оварда мерасонад.

Ташкилоти дигаре, ки дар миқёси вилоят фаъолият дорад, ин Ташкилоти ҷамъиятии маркази иҷтимоии-ҳуқуқии «Сарчашма» мебошад. Бино ба иттилои корманди ин муассиса Болтаева фаъолияти ҷамъият барои қонеъ намудани талаботи ҷавонону кўдакон, муҳофизати иҷтимоӣ-ҳуқуқӣ, манфиатҳои оилавӣ равона карда шудааст.

Албатта, беҳтар гардонидани ҳолатҳои марбут ба ҳуқуқҳои кўдак ба ҷомеа беманфиат нест. Кўдаконе, ки аз ҳуқуқи худ, аз ҷумла ҳуқуқи хондан ва омўхтан огоҳ ҳастанд ва истифода бурдаанд, дар навбати худ волидайн хуб мешаванд. Онҳо волидайне мешаванд, ки эҳтироми ҳуқуқи кўдак барояшон арзиш дорад. Бешак, ҳуқуқҳои инсон аз ҳуқуқҳои кўдак оғоз меёбад. Ҷомеае, ки ҳуқуқҳои кўдаконро эҳтиром мегузорад дар насли оянда ҷомеае мешавад, ки ҳамаи ҳуқуқҳои инсонро эҳтиром мекунад.

Бино ба иттилои мавҷуда танҳо дар нўҳ моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 68 ҷинояти ахлоқӣ сабт шудааст, ки бештари маврид он марбут ба «ҳаракати зўроварии дорои хусусияти шаҳвонидошта», яъне зўроварии ҷинсӣ нисбат ба кўдакон будааст. Ин танҳо оморест, ки дар пайи содир шудани ҷиноят сабт шудааст.

Монеъ шудани волидон ба хондани фарзандон низ хушунат ва зўроварӣ нисбат ба онҳост. Дар аксар маврид волидон огоҳ нестанд, ки бо ин рафтори хеш қонуншиканӣ мекунанд ва ҳуқуқҳои фарзандашонро поймол месозанд. Огоҳ нестанд, ки моддаи 41-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таълими умумии асосиро ҳатмӣ муқаррар намудааст. Чунончӣ суди ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ шаҳрванд О.М-ро бо гуноҳи монеъ шудан ба гирифтани маълумоти ҳатмии умумии фарзандаш А.М. гунаҳкор донист ва А. М. ба дарсҳо дубора ба мактаб баргардонида шуд.

Роҳи ҳал куҷост?

Баҳри ҳалли ин муаммои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар кишвари мо низ Барномаи давлатӣ «Оид ба пешгирии зўроварӣ дар оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2014-2023» амал мекунад ва дар доираи ин Барнома Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон силсилаи тадбиру чорабиниҳоро роҳандозӣ намудааст. Дар вилоят ҳам ин муаммо аз масъалаҳои мубраму ҳалталаби рўз боқӣ монда, бахшҳои кор бо занон ва оила корбариҳои зиёдеро ба сомон мерасонанд. Аз ҷумла ҳамасола баргузор намудани “16 рўзи мубориза алайҳи хушунат” дар шаҳру навоҳии вилоят далели ин гуфтаҳост.

Масалан, дар шаҳри Конибодом бо мақсади пешгирии ин падидаи номатлуб, дар якҷоягӣ бо Ташкилоти ҷамъиятии “Пайроҳаи хушбахтӣ” дар мавзўи «Фарҳанг ва маърифати оиладорӣ» семинар - машварат бо навхонадорон доир мегардад.

Аксаран арўсҳо шикоят доранд, ки дар натиҷаи бадмуомилагии хушдоманҳо, мавриди латукўби шавҳарони худ қарор мегиранд. Ҳодисаҳои зиёде шуда, ки хушдоманҳо гунаҳгори хонавайронии фарзандон мешаванд. Ҳолатҳое низ ҷой дорад, ки моҷаро бо гуноҳи келинҳо сар мезанад. Маҳфилҳои доимоамалкунандаи «Дугонаҳо» ва “Хушдоманҳо” низ ба ин масъала бетараф набуда, бо ҷалби ҷавондухтарон ба касбу ҳунаромўзӣ, тақвият бахшидани ҳунару истеъдод, эҳёи ҳунарҳои миллӣ, ҳифзи анъанаҳои қадимаи тоҷикона, таҳкими дўстиву рафоқат байни онҳо, тарбияи ҷавонон дар рўҳияи ҳурмату эҳтироми калонсолон, пешгирии пошхўрии оилаҳо мусоидат намуда, хушунату зўровариро нисбати занҳо коҳиш медиҳад.

Зан инсон аст. Инсон озод аст ва неъмате ба номи хирад дорад, ки роҳнамояш мебошад ва инсон неку бади рафтори худро ба василаи он ташхис медиҳад. Иҷбору фишор бар инсоне, чӣ зан бошаду чӣ мард, дар қарни бисту як коре абас ва маҳкумшаванда аст.

Сурайё ҲАКИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh