Ҳадафи танзим беҳдошти рӯзгор аст!

Такомули Қонуни танзим, ки фаъолона ҷараён дорад, воқеан ҳам барои ҷомеаи имрӯзаи кишвар зарур аст. Ин дарси зиндагӣ, дарси зиста тавонистан, аз маҳсули заҳмати худ, боздеҳи киштаи бо арақи ҷабин рӯёнидаи худ самаранок истифода кардан аст.

Таассуби ҷаҳолатолуда ақлҳоро гулӯгир карда буд. Ҳатто дар даврони шӯравӣ тӯю маъракаҳои серхарҷ ва маросимҳои бемантиқ ошкору ниҳон амал мекарданд.

Ин ҷониб, ки шодихӯрдаи ҳамон даврон аст, мазмуну мундариҷаи тӯйҳои арӯсӣ, хатнасур ва дигар русуми онро хуб дар хотир дорад. Касе, ки «кори хайр» дар пеш дошт, яъне фарзандашро хатна ё хонадор карданӣ буд, аввал пул пасандоз мекард.

Ёд дорем, дар Кӯҳистони Мастчоҳ «меҳмонгирӣ» ном як расмият буд. Тақозои он аҳли деҳа вазифадор буданд, ки марду зани аз дуру наздик ба тӯяш хабаркардаи «кори хайрдор»-ро пазируфта, 3-4 шаб дар хизматашон бошанд. Соҳиби маърака ба ҳар як «қӯшхона» – манзили фурудомадаи меҳмононаш, бар замми ороишоти дастархон боз як сари гӯсфанд медод. Тасаввур кунед, агар аз даҳ деҳа «тӯйхӯр» омада бошад, 10 гӯсфандро сар буридан лозим мешуд. Хайрият, ки бо мурури замон ва коҳиши вазъи иқтисодӣ ин анъана аз байн рафт.

Сулҳу ваҳдати миллӣ ва осоиши иҷтимоие, ки тавассути кӯшишҳои пайвастаи Пешвои миллат, Сарвари кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барқарор ва устувор гардид, ҳамқадам ба рушду созандагӣ, серию пӯшидагӣ ва умеду орзу тӯю сурро ҳам равнақи дубора бахшиданд.

Мушоҳидаҳои рӯзмарра шаҳодат медиҳанд, ки тӯли амали Қонуни танзим дар деҳоти кӯҳистон ва маскунгоҳҳои музофотии кишвар табаддулоти фикрӣ ва иҷтимоӣ буруз кардааст.

Манзилҳо хуштарҳтару дастархони хайрашон ғанитар аз солҳои пешин ба назар мерасанд. Ин дигаргунӣ пеш аз ҳама, пайоварди сулҳу осоиш, ваҳдат ва озодии фаъолияти шуғлию касбии аҳолист, вале пасандози буҷаи оилаҳо: беш аз 18 миллиард сомоние, ки тибқи омори давлатӣ, аз кам кардани хариди тӯёна ва забҳи чорво бақия монда, низ саҳми биноӣ мебошад…

Пешвои миллат аз бурду бохти амали даҳсолаи ин санад хулоса бароварда, аз ҷумла, изҳори қаноатмандӣ карданд: «Боварӣ дорам, ки бо татбиқи пурраи қонуни мазкур дар оянда фарқияти байни расму оинҳои маҳалҳои гуногуни кишвар аз байн рафта, анъанаҳои миллиамон ба шаклу низоми ягона хоҳанд даромад».

Қонуни танзим такмил ёфт, дархостҳои муфиди аҳолӣ онро то ҳадди зарурӣ ҷавобгӯ ба раванди ҷаҳонишавӣ гардониданд. Акнун амалӣ намудани талаботу салоҳиятҳои он дар пешанд. Мутасаддиёни амали ин санади расмӣ бояд масъулиятшиносӣ зоҳир намуда, риояти бечунучарои анъана ва расму маросимҳои танзимшударо ба роҳ монанд. Даҳсолаи сипаришуда собит кард, ки на ҳамаи нозирони давлатии танзим вазифаи ба зимаашон вогузоршударо бо дасту дили пок иҷро мекардаанд. Ҳолатҳои «хотирбинӣ», манфиатҷӯӣ, бетарафӣ ва баромадан аз доираи ваколат бисёр мушоҳида шудаанд.

Пешвои миллат дар суханронии худ ба ифтихори 10-солагии қонуни танзим таъкид карданд ва дар мавридаш гаштаю баргашта хотиррасон мекунанд, ки танзим ҷуз беҳбуди рӯзгори мардум, тариқи кам кардани хароҷоти беҳуда, амалҳои бемазмун, таассуб ва хурофоте, ки тӯли солиёни зиёд бар дӯш доранд, ҳадафи дигаре надошту надорад. Фақат онро дуруст фаҳмонидан ва серталабӣ зоҳир намудан лозим асту халос. Аз ин лиҳоз, набояд ба зиёдаравӣ роҳ дода шавад.

Пешвои миллат дарси нахустинро дар ин боб баргузор карданд. Онро омӯзгорон, зиёиён ва адибону донишмандон бояд идома бидиҳанд.

Абдуллои ФОЗИЛ,
ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ

Add comment


Security code
Refresh