Хурўҷи бемориҳои сироятӣ: Чӣ бояд кард?

Давоми нўҳ моҳи соли 2017 дар шуъбаи зардпарвини хурдсолони Беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд 700 нафар бо бемориҳои гуногуни сироятӣ номнавис шуда, табобат гирифтаанд. Аксари шикояткунандагоне, ки ба шуъбаи қабули беморхона муроҷиат менамоянд, гирифторони бемориҳои шадиди меъдаю рўда, бемории сироятии шадиди вирусии роҳи нафас, обакон, баногўшак, исҳоли хунин, буғумдард ва зардпарвини намуди А буда, табобати онҳо то як моҳ давом мекунад. Фасли тирамоҳ, мавсими сармо хурўҷи бемориҳои сироятӣ боло рафта, танро азият медиҳад.

Бемории зардпарвин, ки дар тамоми ҷаҳон паҳн шудааст, асосан дар хурдсолон ва ҷавонон дида шуда, табобати дурударозро металабад.

Ба суоли нахустин дар мавриди нишонаю аломат, пешгириву муолиҷаи ин намуди беморӣ ва фаъолияти Беморхонаи касалиҳои сирояткунандаи шаҳри Хуҷанд сартабиби он Баҳодур Мўъминов чунин посух гуфт:

- Беморхона дорои панҷ шуъба - бемориҳои рўдаю меъдаи кўдакон, калонсолон, роҳи нафас, зардпарвини калонсолон ва хурдсолон мебошад. Барои бемороне, ки аз навоҳии дуру наздик ба ин ҷо бистарӣ мешаванд, се маҳал хўроки гарм дода шуда, бархе дорувориву муолиҷаҳо ройгон аст. Кормандони беморхона ҳамарўза кўшиш ба харҷ медиҳанд, ки бистаришудагон ҳарчӣ зудтар шифо ёфта, ба назди пайвандони хеш баргарданд.

Касалии зардпарвин сирояткунанда буда, ҳангоми гирифторӣ ба ин намуди беморӣ тамоми организм, хосатан ҷигар зарар мебинад. Зардии чашму рўй нишонаҳои аввалини беморӣ ба ҳисоб рафта, мардум онро бо номи «зардӣ» мешиносанд.

- Бемории зардпарвинро бемории «дастони чиркин» меноманд, ки бесабаб нест. Зеро аз ҳисоби риоя накардани гигиенаи шахсӣ кўдакони то синни 10-сола бисёртар дучори он мегарданд. Вируси касалӣ ҳангоми бо шахси бемор муносибат кардану аз истифодаи ашёи сироятёфта паҳн мешавад. Баъзан беморӣ ба воситаи тармеваи ношуста, оби нўшокии наҷўшонида ва хўрокворӣ паҳн мегар-дад. Барангезандаи бемории зардпарвин - вируси А, ки дар кишвари мо васеъ доман паҳн кардааст, аз тарафи олимон ба хубӣ омўхта шудааст. Ин вирус дар давраи ниҳоӣ (инкубатсионӣ) афзоиш ёфта, шахси бемор дар рўзҳои аввали касалӣ то пайдо шудани зардӣ барои одамони гирду атроф хеле хавфнок мебошад. Баъзан ҳолатҳое ба назар мерасанд, ки аз як оила якчанд нафар ба ин касалӣ дучор мешаванд. Танҳо дар давоми моҳи октябри соли 2016 дар беморхонаи касалиҳои сироятӣ 129 бемор бистарӣ гаштанд, ки 61 нафарашон аз шаҳру ноҳияҳои вилоят буданд. Рўзҳое буд, ки то 15-20 беморро дар як шабонарўз қабул мекардем. Дар қайди беморхона гирифторони зардпарвин бештар аз ноҳияҳои Бобоҷон Fафуров, Ашт ва Зафаробод зиёданд, ки боиси сироятёбии наздикони хеш мегарданд,- бо таассуф изҳор дошт Баҳодур Мўъминов.

Ба суоли чӣ тавр метавон аз аломатҳои беморӣ сари вақт бохабар шуда, ба муолиҷа пардохт, мудири шуъбаи бемориҳои зардпарвини хурдсолон Саодат Холматова чунин посух гуфт:

- Нишонаҳои аввалини касалӣ пеш аз пайдо шудани зардӣ ба мушоҳида мерасанд. Давраи ниҳоии гепатити вирусӣ ба ҳисоби миёна аз 14 то 35 рўз давом мекунад. Табларза, дарди сар, баста шудани иштиҳо, беҳузуршавии дил ва қай кардану бемадор шудан аз нишонаҳои нахустини заҳролудшавии организм мебошанд. Баъзан аломатҳои зукоми роҳҳои нафас: сурхшавии гулў ва дарди он зуҳур меёбад. Ҳолати бемор то пайдо шудани зардӣ бад буда, бо пайдоиши он рў ба сабукӣ меорад, ҳарорати бадан муътадил, беҳузуршавии дил ва қай кардан барҳам мехўрад. Хавфнокии беморӣ он вақт ба мушоҳида мерасад, ки дар баъзе ҳолатҳо беморӣ бе зард шудани пўсти рўй ва чашмон зуҳур мекунад. Ин ҳолат бисёртар бо кўдакони хурдсол рўй дода, муайян кардани беморӣ аз мутахассисон маҳорати дучанд талаб мекунад. Хушбахтона, гирифторони бемориҳои сироятӣ нисбат ба солҳои қаблӣ хеле кам ба назар мерасанд. Касалии зардпарвин тавассути барангезанда - вирусҳои A,ӣ,C,ӯ,D,G ба организм паҳн мешавад. Муайян карда шудааст, ки чунин бемориҳо асосан дар солҳои ҷуфт зиёд гашта, дар солҳои тоқ миқдоран кам ба назар мерасанд.

Дар шуъбаи бачагонаи касалиҳои зардпарвини беморхонаи мазкур давоми моҳи октябри соли ҷорӣ зиёда 36 кўдак ба қайд гирифта шуда, аз духтурони соҳибтаҷриба ба дарди худ даво ҷустанд. Духтурони шуъба Маҳбуба Аминова, Абдухолиқ Раҳмонбердиев ва Саодат Холматова иброз медоранд, ки аксари беморон бинобар дер муроҷиат карданашон боиси дурудароз идома ёфтани муолиҷа мегарданд. Пайдошавии касалӣ аз қобилияти мудофиавии организм ба ҳар гуна бемориҳо вобастагӣ дорад. Обутоб додани бадан, машғул шудан бо варзиш, меъёри муайяни хўрокхўрӣ ва реҷаи рўз, риояи гигиенаи шахсӣ сабабгори баланд шудани муқобилияти организм ба ҳар гуна бемориҳо мегардад.

- Худмуолиҷакунӣ омилест, ки шахси беморро бештар гирифтори бемории зардпарвин мегардонад. Аз ин рў, яке аз роҳҳои асосии пешгирии касалӣ ба тозагии ҷойҳои умумии ҳоҷатхонаву бозорҷойҳо, маҳал ва муҳит риоя намудан аст. Ҳамчунин фавран муроҷиат кардан ба мутахассиси соҳаи тандурустӣ омили сари вақт сиҳатёбии нафари гирифтори бемории зардпарвин мегардад,- иброз дошт Саодат Холматова.

Пешгирӣ аз табобат беҳтар аст, гуфтаанд. Дар навбати аввал бистару болин ва лавозимоти истифодаи шахси беморро ҷудо кардан лозим аст. Нафароне, ки бо бемор дар муносибат буданд, бояд ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаранд, ҳамчунин назорати беҳдошти нуқтаҳои хўрокпазӣ ва шахсоне, ки дар ин ҷойҳо фаъолият мебаранд, зарур аст. Омўзонидани қоидаҳои беҳдоштӣ ба кўдакон ва хурдсолон ва назорати иҷроишон аз тарафи онҳо боиси пешгирии беморӣ мегардад. Риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ бошад, имкон фароҳам меорад, ки мо ҳама вақт на танҳо аз бемориҳои сироятӣ, балки аз ҳамаи намуди беморӣ эмин бошем.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh