Ҳомиёни оромишу осоиш

Моҳи апрели соли равон дар Кохи «Кимиёгарон»-и шаҳри Исфара сардори раёсати Вазорати корҳои дохилаи вилояти Суғд мӯҳтарам генерал-майори милитсия Назарзода Шарифи Раҳмон ба фаъолияти ШВКД Исфара-2 баҳои сазовор дода буд. Номбурда аз сатҳи пасти ҷинояткорӣ, дуздию авбошӣ ва шомил нашудан ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб дар минтақаи зери назорати ШВКД Исфара-2 изҳори қаноатмандӣ намуд.

Бо мамнуният қайд гардид, ки аз авали сол то имрӯз дар ШВКД-2 дар шаҳри Исфара 72 ҳолати содир намудани ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 32 ҳолат кам мебошад. Сатҳи кушодашавии ҷиноятҳо 92%-ро ташкил медиҳад.

Роҳбарият ва ҳайъати шахсии Шуъбаи 2-юми ВКД дар шаҳри Исфара фаъолияти хешро зимни қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастуру фармонҳо ва супоришҳои роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ба роҳ мондаанд. Ҳамин аст, ки онҳо дар фаъолияти хеш ба комёбиҳои чашмрас ноил гардидаанд. Роҳбарияти Шуъбаи 2-юми ВКД дар шаҳри Исфараро инсони чашмикордон, ватанпарвару соҳибтаҷриба, подполковники милиса Насимзода Қосим Наимӣ ба уҳда дорад. Чун ин минтақа минтақаи наздисарҳадӣ аст, шуҷоату матонат ва мардонагиро тақозо менамояд. Аз ин рӯ, подполковники милиса Насимзода Қосим Наимӣ аз ҳар як корманди мақомот малакаи баланди касбӣ, шуҷоат, чусту чолокӣ, заковат, донишу таҷрибаи корбариро талаб менамояд. Зеро, бе ин талаботҳо ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирию ошкор намудани ҷиноятҳо бисёр сангину душвор аст. Вазъияти кунунӣ аз ҳар як корманд тарзи рафтори дуруст, омӯзиши мунтазам, нисбат ба пешаи худ дили гарм ва дасти покро мехоҳад.

Алҳол Шуъбаи 2-юми ВКД дар шаҳри Исфара дар ҳудуди ҷамоатҳои Чоркӯҳ, Сурх ва Ворух доман густурдааст. Ғайр аз ин дар минтақаи Хоҷаи Аъло ва ҷамоати Ворух 2 шуъбачаи минтақавӣ баҳри ҳифзи оромию осоиши шаҳрвандон ҷойгир шуданд. Умуман кормандони ин шӯъба зиндагии ширини зиёда аз 80 ҳазор шаҳрвандро бедареғ ҳифозат менамоянд.

Тули фаъолияти босамари хеш кормандони Шӯъбаи 2-юми ВКД дар шаҳри Исфара борҳо собит намудаанд, ки барои ҳифзи тинҷию амонӣ, ваҳдату якпорчагӣ ва сохти Конститутсионии Тоҷикистони азиз ҷони худро дареғ намедоранд.

Фаъолияти бомаром, босифат ва пурмаҳсули Шӯъбаи 2-юми ВКД дар шаҳри Исфара ба кордонӣ ва маҳорати касбии ҳар як корманди он сахт марбут аст. Имрӯзҳо роҳбарияти мақомот бо ному фаъолияти пурсамари муовинони сардори ШВКД Исфара- 2 майори милиса Мирзо Шарифхӯҷаев, майори милиса Абдураҳмон Абдуллоев ва сардори шӯъбачаи дар ҷамоати Ворух будаи ШВКД- 2 капитани милиса Тухтаев Фаррух ифтихор дорад. Саҳму талоши доимии сардори тафтишот, майори милиса Парвизҷон Бобоев, сардори шӯъбаи ҷустуҷӯи ҷиноятӣ майори милиса Низомиддин Нуриддинов, сардори шӯъбачаи минтақавии Хоҷаи Аъло майори милиса Манучеҳр Бозорзода фахр менамояд. Онҳо зимни фаъолияти хеш дар асоси дастуру фармон ва супоришҳои роҳбарият амал намуда, дониш, қувва, ғайрат ва таҷрибаи хешро баҳри кушодани гиреҳи ҳар як ҷиноят дареғ намедоранд.

Бамаротиб зиёд гардидани теъдоди нақлиёт, мушкилоти ҳифзи бехатарии шаҳрвандон, кам кардану роҳ надодан ба садамаҳои нақлиётӣ вазифаи ҷонии ҳар як корманди ҳуқуқ, хусусан кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ аст. Ростӣ зиёд гардидани шумораи нақлиёт ин исботи беҳтару хубтар шудани сатҳу сифати зиндагии шаҳрвандон аст. Дар даҳ соли амал намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»    (8-уми июни 2007) ба кишвари мо 523-ҳазор адад автомобили сабукрав ворид гардидааст, ки ин аз як тараф боиси шодмонист, аз ҷониби дигар масъулияти кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилиро дучанд меафзояд. Ҳамаи инро сардори шӯъбаи БДА майори милиса Турдибой Ҳотамов ба хубӣ дарку эҳсос менамояд. Вай доимо аз кормандони худ нисбати ронандагон муносибати нек, рафтори намунавӣ ва ҳалимонаро талаб намуда, дар айни ҳол дастур медиҳад, ки ба вайронкунандагони қоидаҳои нақлиёт оштинопазир бошанд, то ки ҷони ягон шаҳрванд осеб набинад. Зертобеъони ӯ старшинаи милиса Валиҷон Холиқов, серҷанти хурди милиса Беҳрӯзҷон Яҳёев вазифаи хидматии худро ҳамеша софдилонаю поквиҷдонона ба сомон мерасонад.

Асри илму техника ва технологияи пешқадам- компютеру интернет аз ҳар як корманди масъул тақозо менамояд, ки дар фаъолияти касбии худ ба кашолкориву саҳлангорӣ ва муросокориву нодидагирӣ роҳ надиҳанд. Сардори мизи шиносномадиҳии Шӯъбаи 2-юми ВКД дар шаҳри Исфара, майори милиса Нуруллобек Ҷӯраев аз қабили кормандони соҳибмаълумот аст. Шаҳрвандон аз тарзи корбарӣ, муносибат, сифати кор ва арзишҳои инсонии ӯ хеле мамнуну сипосгузоранд.

Ҳамаи кормандони Шӯъбаи 2-юми ВКД дар шаҳри Исфара аз вазифаю масъулияти касбии худ ба хубӣ огоҳанд. Онҳо тамоми саъю кӯшиши худро ба он равона намудаанд, ки мулк орому мардум озоду ҷидду ҷаҳди ҳамватанон баҳри ободии Ватани азиз дар ҷӯшу хурӯш бошад. Дар фаъолияти мунтазаму пурсамараи мақомот саҳми қисми навбатдорӣ дар симои лейтенанти калони милиса Фаридун Ҳомидов, лейтенанти калони милиса Хушбахт Неъматов ва прапоршики милиса Нозимҷон Юлдошев бағоят назаррасу сутуданист. Фаъолияти хадамоти дидбонгоҳии пайраҳадории милисаро заҳмати шаборӯзии серҷанти милиса Ҳадиятулло Шерматов барин фарзандони ҷонсупори миллат мазмуну мундариҷаи тоза мебахшад.

Ҷойе, ки зан ҳаст, он ҷо махзани нуру сафо ва барор мебошад. Беҳуда бузурге нафармудааст, ки зан бо як даст гаҳвора, бо дасти дигар дунёро таккон медиҳад. Имрӯзҳо дар паҳлӯи шермардони ватанпарвар занони мардсифат низ дар ин ҷодаи душвор фаъолият доранд. Беҳуда намегӯянд, ки мардӣ ҷинсият надорад. Дар роҳандози намудани дастуру фармонҳо, ташаббусу қарорҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон лейтенанти милиса Одина Саидова ва старшинаи милиса София Рустамова саҳми сазовор мегузоранд, то ки орзӯю омол, ормон ва хостаҳои шаҳрвандони Тоҷикистони соҳибистиқлол амалӣ гарданд.

Солеҳҷон Парпиев,
муовини сардори
ШВКД Исфара-2 оид ба ҳайъати шахсӣ
Исматуллоҳи Абдуллоҳ,
узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh