Пазироии хуби «Душанбе»

Дар вазъияти тантанавӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ ба фаъолияти сохтмончиён аз  вилояти Суғд баҳои баланд доданд. Дар навбати худ сокинони пойтахт меҳмонони Суғдиро бо самимияти гарм пазироӣ намуданд.

Намояндагони аҳли фарҳанг, зиёиён, намояндагони касбу кори мухталиф, ки дар тантанаи ифтитоҳи  Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ аз вилояти Суғд иштирок доштанд, тайи се рӯз дар меҳмонхонаи «Душанбе» аз хизматрасонии ҳайати кормандони меҳмонхона бархурдор гардиданд ва аксари онон барои пазироии самимонаву хизматрасонии сатҳи олӣ ба роҳбарияти шаҳри Душанбе, аз ҷумла раиси шаҳр, мӯҳтарам Рустами Эмомалӣ ва кормандони меҳмонхонаи «Душанбе» изҳори сипос баён намуданд.

-Мо, намояндагони аҳли  фарҳанги вилояти Суғд дар  маросими ифтитоҳи Боғи фарҳангиву фароғатии ба номи устод Садриддин Айнӣ иштирок кардем.  Дар ҳақиқат Боғи устод Айнӣ имрӯз ба макони беназири фароғатии замонавӣ табдил ёфтааст.  Он боғе, ки имрӯз ба гулзор табдил ёфт, аз даврони ҷавониам ба он ҷо барои сайр мерафтам. Аммо ин гуна хушҳолкунандаву шукӯҳманд набуд. Аммо имрӯз ба як гӯшаи биҳиштосо табдил ёфтааст, ки завқи баланди зебоипарастии мардуми моро нишон медиҳад. Бешак, ҳар як сокин ва ё меҳмоне, ки ба ин боғ ташриф меорад, ҳатман ҳангоми сайругашт ба эъҷозкории меъморону гулпарварони суғдӣ аҳсан мехонад.

Чанд муддате, ки мо гурӯҳи меҳмонони вилояти Суғд дар Душанбе будем, КВД Меҳмонхонаи «Душанбе» ба мо хидматгузорӣ намуд. Ростӣ, пазироии самимӣ,  шароити мусоид ва чеҳраи кушоди ҳар яки ходими меҳмонхона моро болидарӯҳ месохт. Будубоши мо дар ин меҳмонсаро ройгон буд ва бо се маҳал хӯроки гарм таъмин будем. –иброз дошт зимни сӯҳбат Шоири халқии Тоҷикистон Нурмуҳаммад Ниёзӣ.

Иштирокчии дигар Шаҳло Ҷалилӣ - роҳбари ансамбли рақсии «Зебо» низ аз пазироии масъулини меҳмонхонаи «Душанбе» изҳори хушҳолӣ намуд.

 -Ба тамоми кормандони меҳмонхона миннатдории хешро аз номи кулли сокинони вилояти Суғд мерасонам. Истиқболу гусели самимонаи эшон моро бори дигар водор менамояд, ки ҳамгироиву дилбастагии тамоми манотиқи ҷумҳуриамонро боз ҳам зичтару мустаҳкамтар намоем.

-Директори меҳмонхонаи  «Душанбе» Саидмӯсо Мусоев шахсан ҳамеша аз ҳоли меҳмонони суғдӣ ҷӯё буд. Мавсуф аз камбудиамон пайваста пурсида меистод, ҳол он ки хидматгузории меҳмонхона ҳеҷ камбудие надошт. Тозагиву озодагияш моро мафтун сохт. -зимни сӯҳбат иброз дошт Шаҳло Ҷалилӣ.

Мо барои ин пазироӣ ба роҳбарияти шаҳри Душанбе ва аз ҷумла меҳмонхонаи «Душанбе» изҳори сипос менамоем.

Меҳмонхона биноест, ки барои истиқомати муваққатии мусофирон ва меҳмонон истифода бурда мешавад. Аз таҳлилҳои коршиносони соҳаи сайёҳӣ бармеояд, ки меҳмонхонаи «Душанбе» ба панҷгонаи беҳтарини меҳмонхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил аст. Ба гуфти муовини директори Корхонаи воҳиди давлатии Меҳмонхонаи «Душанбе» Нарзиқул Сиддиқов фаъолияти он аз соли 1964 оғоз гардида, ҳоло дорои 100 ҳуҷра ва 147 ҷои хоб мебошад.

-Асосан муштариёни меҳмонхона меҳмонони хориҷӣ ва сокинони минтақаҳои кишвар мебошанд. Давоми моҳҳои сипаригаштаи соли равон 5996 нафар аз хизматрасонии меҳмонхона истифода намудаанд.  Маъмурият ва кормандон кӯшиш менамояд, ки меҳмононро дар сатҳи баланд қабул намуда, ба онҳо хизматрасонии беҳтаринро  пешниҳод намоянд. Дар меҳмонхона тарабхона низ фаъолият дошта, дар хизмати мизоҷон шабу рӯз омода аст, -мегӯяд Нарзиқул Сиддиқов.

Бояд тазаккур дод, ки дар рӯзҳои фараҳбахши ифтитоҳи боғи ба номи устод  Айнӣ дар пойтахти мамлакат аз вилояти Суғд беш аз 200 нафар аз хидматгузории меҳмонхонаи «Душанбе» бархурдор буданд ва аз шароити мусоиди меҳмонхонаи мазкур изҳори қаноатмандӣ намуданд. 

Шаҳноза ҲОМИДОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh