Дарки қонун - ғановати оила

Дар 10 моҳи соли ҷорӣ дар ноҳияи Деваштич 450 тўйи хатнасур, 836 адад тўйи домодиву арўсӣ ва дигар маъракаҳо баргузор гардиданд. Оид ба баргузории маъракаҳо пас аз ворид карда шудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» сармутахассис оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия Зебунисо Иброҳимова чунин мегўяд:

- Сокинони ноҳия моҳияти ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба қонуни танзим дарк намуда, аз ғамхории ҳамешагии Ҳукумати ҷумҳурӣ нисбати халқ хурсанд мебошанд. Мардум имрўз мутобиқи Қонун амал намуда, аз рўи он маъракаҳои худро доир намуда истодаанд.

Онҳо моҳияти асосии қонунро фаҳмиданд, ки маҳз ба ғанӣ гардонидани буҷаи оилаи сокинони кишвар нигаронида шудааст ва камхарҷ гузаронидани маърака ва маросими дафнро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоянд. Кормандони бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросим дар ҷамоатҳои деҳоти ноҳия маҳаки асосии қонунро фаҳмонида истодаанд,- зикр дошт Зебунисо Иброҳимова.

Ҳамчунин, зимни суҳбат илова намуд, ки айни ҳол аз ҷониби бархе аз сокинон қонуншиканиҳо рух медиҳад. Мутаассифона, чунин нафарон дарк намекунанд, ки амали онҳо боз дар ҷомеа афкори нодурусти «ман аз кӣ кам»-ро ба миён меорад. Дар сурати қонуншиканӣ аз чунин ашхос албатта, ҷарима ситонида шуда истодааст, то ба дигарон сабақ шавад. Дар сурати хизматчии давлатӣ будан қонуншикан аз вазифааш сабукдўш мегардад. Аз 1571 маъракаи дар тўли 10 моҳи соли ҷорӣ баргузоргардида, 11 адад қонуншиканӣ ба қайд гирифта шуд.

- Ҳангоми мулоқотҳо бо мо, сокинони ноҳия манфиати Қонун ва ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба хубӣ дарк намуда, миннатдории хешро баён менамоянд, - гуфт Зебунисо Иброҳимова.

Сокини ноҳия Мастона Авезова аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонуни танзим бо хушнудӣ зикр дошт, ки дар гузашта барои ба анҷом расонидани маъракаҳои пас аз дафнӣ, ба монанди «се», «бист» ва «чил» мардум бисёр хароҷот мекарданд. Ин аслан нодуруст буда, надонистани меъёрҳои динро низ нишон медод. Пас аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонун маъракаҳои азодорӣ ба низом дароварда шуданд, ки шахсан ман хеле хурсандам.

Сокини ноҳия Шукурбой Лутфуллоев бобати доир намудани хатнатўй баён дошт, ки ба ҷои он, ки оила пас аз таваллуди писар хатнатўйи дабдабанок доир карда, хароҷоти зиёдеро кунад, хуб мешуд агар ҳамин маблағро барои ояндаи фарзандаш захира намояд. Ин ғамхорӣ дар ҳаққи фарзанд, пешгирии исрофкорӣ аст. Барои ҳамин ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонун айни матлаб мебошад.

 Истамҷони НАҶМИДДИН,
Улуғбек МАХФИРАЛИЗОДА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh