Танзимгари дили бемор

Дўсти деринам, раиси яке аз хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияи Мастчоҳ Додоҷон Сўфиев, ки саманди умраш ҳамин сол аз марзи 70 убур кард, хабар дод, ки мисли ҳарсола боз барои ташхису табобат ба Маркази дилшиносии вилоят омадааст. Вақт ёфта, ба аёдаташ шитофтам, зеро доимо дар бораи як пизишки ҳозиқи ин бемористон бо номи Ҷовид бисёр суханони сипосомез мегуфт ва таъриф мекард:

- Даҳ сол боз, баъди ғунучини ҳосил ба назди ў меоям ва дувоздаҳ рўз маро ташхису табобат мекунаду бо ҳамин як соли дигар «мотор» азоб намедиҳад. Барака ёбад, ба мо, беморон мисли фарзанд, мисли як бародару ошно муносибат мекунад.

Ҳамҳуҷраи Додоҷон марди босалобат Муҳаммад Шарифов аз ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки машғули китобхонӣ буд, ин суханонро шунида, сар аз китоб бардошт ва ба суҳбат ҳамроҳ шуд:

-Рост мегўянд, сад дар сад дуруст, дар ҳаққи табиби мо – Ҷовид Ёров чӣ қадар таърифу тавсиф кунед, боз ҳам кам аст. Соли 2008 диламро ҷарроҳӣ карданд ва аз ҳамон сол Ҷовид маро назорату табобат мекунад ва соле як бор ба ин марказ омада, бо нерую тавони нав ба деҳа бармегардам.

Саргарми суҳбат будем, ки Ҷовид Ёров ба ҳуҷраи беморон ворид шуд, басо гарму самимӣ ҳолу аҳвол пурсид, чанд маслиҳати муфид ба ҳарду бемор дод.

-Модарам доимо аз касалии фишори баланди хун азият мекашиданд ва мехостам, ки духтур шуда, пеш аз ҳама он касро табобат кунам, - мегўяд Ҷовид Ёров. – Бо ҳамин хондану табиб шудан орзуи асосии бачагии ман гардид.

Соли 2000 филиали дар шаҳри Хуҷанд будаи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абўалӣ ибни Синоро бо тахассуси пизишки дилшинос хатм кард. Солҳои донишҷўӣ дар чандин беморхона ҳамчун бародари шафқат кор карда, ҳам малака ҳосил мекарду ҳам барои рўзгузаронӣ каме маблағ пайдо менамуд. Дилшинос Ҷовид Ёров ҳамеша ба беморон талқин мекунад, ки асли даво парҳез аст. Инчунин ба онон тавсия медиҳад, ки бештар аз меваю гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистони офтобиамон, ки махзани бебаҳоянд, истифода баранд.

-Зардолу, сиёҳолу, дўлона, пудинаи кўҳӣ, эшум… ва ҳазорон дигар меваю гиёҳҳо дорем, ки барои танзими кори дил беҳтарин даво мебошанд, -таъкид мекунад Ҷовид Ёров ба беморон. –Истифодаи онҳо барои бемор ҳам арзон меафтаду ҳам дар қиёс бо доруҳои кимиёвӣ ба дигар узвҳо зарар намерасонад, - мегўяд пизишк.

Ҷўра ЮСУФӢ,
рўзноманигор

Add comment


Security code
Refresh