“ФАРМ - СУFД”: доруворӣ аз гиёҳҳои шифобахш

Чуноне қаблан иттилоъ дода будем, дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд дар шаҳри Бўстон бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Фарм-Суғд” низ ифтитоҳ гардид, ки аз гиёҳҳои табиӣ бо дорусозӣ машғул аст.

Бояд қайд кард, ки корхонаи тозатаъсиси дорусозӣ аз силсилаи коргоҳҳои истеҳсолӣ буда, он аз гиёҳҳои шифобахши Тоҷикистон доруворӣ ва дар зарфҳо ҷой додани нўшобаҳоро омода месозад. Бино ба гуфти сарвари коргоҳ Бахтиёр Эгамбердиев дар ин ҷо ҳамчунин маркази омўзишу таҳлили дорую маводи тиббӣ ва муаррифии гиёҳҳои шифобахши табиии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Коргоҳи коркард ва борпечкунии гиёҳҳои шифобахши ватанӣ бо номи ҶДММ “Фарм-Суғд” беш аз 70 намуди истеҳсоли маҳсулотро ба роҳ мондааст ва баҳри огоҳонидани сокинону истеъмолкунандагон тасмим гирифтем дар шумораҳои рўзнома пайваста оид ба таркибу истифодаи онҳо маълумоти бештар диҳем:

Гиёҳчойи гули бобуна

Бобуна гиёҳи хушбўй буда, баргҳои канори гулаш сафед ва мобайни он зардранг ва растании шифобахш аст. Он гиёҳи яксола, пояаш рости сершохча, баландиаш 30 см, баргаш паршакл, гулаш хурди забонакшакли сафедзард мебошад. Гули бобуна дар саросари Тоҷикистон дар байни алафзор, қади роҳҳо, доманаи кўҳҳои сералаф, дарахтзор ва назди иқоматгоҳҳо нашъунамо меёбад. Таркиби садбарггули бобуна, ки дар тиб истифода мешавад, аз равғани эфир, флавоноидҳо, фитостеринҳо, талхӣ, кумаринҳо, витамини С, каротин, кислотаҳои органикӣ, апинин, апигенин ва ғайра иборат аст.

Бобуна давои дарди кадом бемориҳост?

Чойи бобунаро барои муолиҷаи илтиҳоб (варам, газак) - и пардаи луобии меъда, захми он, рўдаи дувоздаҳангушта, халадарди меъдаву рўда, бемориҳои ҷигар, талха, касалиҳои занона, дарди нимсара, рагкашӣ ва ҳамчун доруи хобовар, обҷўши онро барои ғарғара кардани даҳону гулў, шустани захмҳои фасоддор, табобати зардзахму илтиҳоби бандҳо (артрит), бемориҳои чашм, облаттаашро барои муолиҷаи омосҳо истифода мебаранд. Паҷўҳишгоҳҳои тиббӣ исбот намудаанд, ки гули бобуна барои илтиҳоб (газак), манъи хунравӣ, оромбахшии дард, асаб, ташаннуҷ, арақи бадан, кори дил ва захми илтиҳобии меъдаву рўда даво мебошад. Ҳамчунин ҷўшобаи гули бобуна дарди ҷонгудози ниқроз (подагра) ва ревматизмро оромӣ мебахшад.

Тарзи истеъмол:

Як-ду халтачаи полоиширо дар 200 мл оби ҷўшонидашуда 15 дақиқа дам дода, 30 дақиқа пеш аз хўрок 1/3 истаконӣ дар як рўз се маротиба нўшидан тавсия дода мешавад.

Таҳияи Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh