Намакҳои бенамак?

Вақтҳои охир сокинон бо шикояти он, ки шӯрнокии намакҳои дар мағозаву бозор буда хеле паст аст, ба ташвиш афтодаанд. Воқеан, вақте худамон ба шикояти сокинон дастбакор шудем, таҷрибаҳо нишон доданд, ки шӯрнокии намакҳои берун аз вилоят ва хориҷи кишвар воридмешуда, паст будаанд. Суоле ба миён меояд: дар ҳоле, ки шӯрнокии намак паст бошад, пас мардум ба ҷои он чӣ хӯрда истодаанд? Хок ё санги қимашуда?

Намаки шӯр-намаки зӯр

Фарзона Ҷӯраева, сокини шаҳри Истаравшан шикоят мекунад, ки намакҳои ҳозира он қадар шӯр нестанд.

- Қаблан ба шӯрбо як қабза намак кифоя буд, ки хӯрок бомазза шавад. Вақтҳои охир каф-каф меандозам, аммо фарзанду шавҳарам боз шикоят мекунанд, ки шӯрбо бенамак аст,-мегӯяд Фарзона.

Нуъмон Шарофов, ошпаз аз шаҳри Исфара низ бо ин мазмун аз паст будани шӯрии аксар намакҳои дар бозори вилоят фурӯхта мешуда шикоят дорад.

- Дар дунё аз ҳама чизи болаззаттарин намак аст. Инсон бе ширинӣ зиндагӣ карда метавонад, аммо бе намак не. Намак дар таркиби тамоми хӯрок вуҷуд дорад. Аммо вақтҳои охир мизоҷонам мегӯянд, ки гӯё оши ман камнамак шудааст. Бо вуҷуди он ки ман ба як дег ош мисли ҳаррӯза ченаки муқаррарӣ намак мепошам, вале хӯрок камнамак аз пештар мешавад. Ҳис мекунам, ки ба ҷои намак имрӯзҳо санги қима ё хокаро мефурӯшанд, -мегӯяд Нуъмон Шарофов.

Ин гуна шикоятҳо хеле зиёданд. Бовар дорем, хонандаи азиз, Шумо низ вақтҳои охир бо чунин бархӯрд сарбасар шудаед. Аммо моро як риштае ба кӯчаи сарбаста бурд…

Об дар кӯзаву мо ташналабон мегардем…

Суоле ба миён меояд, ки ба вилояти Суғд асосан аз куҷо намак ворид мешавад? Тавре дар растаҳои бозору мағозаҳо дидан мумкин аст, намакҳо аз ҳар минтақаҳои Тоҷикистон ва гоҳ-гоҳ аз дигар кишварҳои соири ҳамсоя ворид мешудаанд. Ташхиси лабораторӣ нишон дод, воқеан намакҳое, ки аз берун воридот шудаанд, 80 фоиз ва ҳатто аз он ҳам пасттар шӯрнокӣ доранд. Ба ҷуз ин, аз рӯи гуфтаи мусоҳибон намакҳои аз хориҷа воридмешуда йоднокӣ надоранд ва мувофиқи мақсаду меъёр намебошанд.

Дар ин сурат, метавон ба натиҷае расид, ки агар дигар алтернатива дар Тоҷикистон дар бобати дастрас намудани намаки ватанӣ набошад, пас дар он сурат намакҳои хориҷиро харидорӣ кардан ҷои айбу ибое намебуд. Суоле ба миён меояд, ки аз ҷиҳати баландии шӯрнокӣ ва йоднокӣ кадоме аз он ба стандарт ҷавобгӯ аст? Ҳамтоямон Афзал Босолиев дар лабораторияе намакҳои дар бозорҳои вилоят бударо ба навор гирифт. Дар натиҷа мутахассисони лаборатория ба хулоса омаданд, ки аз ҷиҳати баландии шӯрнокӣ ва ҳам йоднокӣ намакҳои ҶСК «Кони намак»-и ноҳияи Ашт пурра ба талабот ҷавобгӯанд.

Метавон ба натиҷа расид, ки дар вилоят алтернативаи беҳтарин намаки Ашт мебошад, нархи дастрас дораду сифати баланд.

Ба гуфти масъули лабораторияи ҶСК «Кони намак»-и Ашт Нигора Ҳусейнова тибқи маъмул ва стандарт дар таркиби 1 тонна намак бояд 50 грамм йодат-калий вуҷуд дошта бошад.

- Аслан тибқи таомул ба намак дар ягон давлати дигар йод ҳамроҳ намекунанд, чунки ин кор ҳатмӣ нест. Аммо бо назардошти он, ки дар шароити Тоҷикистон норасоии йод бештар ба чашм мерасад, бо вуҷуди гарон будани нархи он ба намак ҳамроҳ мекунем, ки ин таҷриба дар дунё беназир аст, - мегӯяд Нигора Ҳусейнова.

Ғамхории давлат ва эҳсоси масъулият

ҷиҳати ба аҳолӣ ба таври ҳамешагӣ дастрас намудани йод 2-юми декабри соли 2002 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи йодноккунии намак» қабул гашт, ки асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии тадбирҳои вобаста ба йодноккунии намакро бо мақсади пешгирӣ аз бемориҳои норасоии йод муқаррар намуда, муносибатҳои дар ин соҳа ба миёнояндаро танзим мекунад.

Дар ҷаҳон аз норасоии йод аксари коршиносони байналмилалӣ бонги изтироб мезананд. Ба ин хотир, моҳӣ ва дигар маҳсулоти хӯрданбоби баҳриро тавсия медиҳанд. Дар шароити Тоҷикистон на ҳар кас метавонад моҳиро ҳамарӯза истеъмол кунад. Аз ин лиҳоз, бо ҳамроҳ кардани йод мо мехоҳем аҳолиро каме бошад ҳам, аз камйодӣ эмин дорем. Нисбати дигар кишварҳо намакҳои ҶСК «Кони намак» имрӯз сад фоиз йоднок карда шудаанд.

Ҳангоми азназаргузаронии лабораторияи худи ҶСК «Кони намак»-и ноҳияи Ашт индикатор нишон дод, ки таркиби намак воқеан йоднок шудааст. ҳангоми ташхис шоҳид шудем, вақте моддаи махсус ба намак чакконида шавад, ранги он кабуд мегардад, ки йоднокии онро нишон медиҳад.

Бино ба гуфти муовини директори «Кони намак» Зиёвидин Равзалиев соли 2010 корхона соҳиби мукофоти байналхалқии «Сифати аврупоӣ» (Европейское качество)-и Бизнес Ассамблеяи Европа (ЕВА, Оксфорд, Великобритания) шудааст.

- Соли 2015 маҳсулоти корхонаи мо дар вилоят «Маҳсулоти беҳтарини сол» бо диплому нишон тақдиронида шуд. Имрӯзҳо ҶСК «Кони намак»-и Ашт маҳсулоти худро фақат бо роҳи йодноккунӣ истеҳсол намуда, ба фурӯш бароварда истодааст, ки ба ҳамаи меъёрҳои СД Ҷумҳурии Тоҷикистон 1060-2004 ҷавобгӯ мебошад.

Аз ин ҷост, соли 1999 дар намоишгоҳи байналмилалие, ки дар шаҳри Мадриди Испания баргузор гардид, намаки ҶСК «Кони намак» аз ҷиҳати таъму сифат ва йоднокӣ ҷойи аввалро гирифта, бо медали тилло мукофотонида шуд. Намаки навъи «Хуҷистон»-и Ашт борҳо дар намоишгоҳҳои байналхалқии маҳсулоти хӯрока ширкат варзида, ҳамчун истеҳсолкунандаи беҳтарин эътироф шудааст.

Аз поварақҳои таърих то ба имрӯз

Тавре аз нигораҳои таърихӣ бармеояд, намаки ноҳияи Ашт таърихи чандҳазорсола дорад. Аз қадим мардуми деҳаи Қамишқӯрғон (ҳоло Меҳробод) ва аҳолии атрофи он аз намакҳои худҷӯш намак истеҳсол мекарданд ва ҳатто дар бозорҳои наздиктар бо молову коло иваз мекардаанд.

Тақрибан дусад сол пеш, чунончӣ аз ҳуҷҷатҳо бармеояд, асосан панҷ қисмати кони намак маълуму машҳур буданд, инҳо: Қаракон, Ирконкон, Давлатбахткон, Сакратмакон ва Бердимқулкон. Бо розигии императори Россия намунаи намаки Бердимқулкон ба Москва ба Академияи Фанҳои Императрияи Россия фиристода шуд. Таҳлили лаборатории олимон нишон дод, ки намаки ин ҷо аз ҷиҳати химиявӣ ва биологӣ бамаротиб тоза буда, танҳо аз хлориди натрий иборат аст.

Намаки Бердимқул ба Россия, Эстония ва инчунин Полша бароварда шуд. Соли 1896 дар Гелсингфорд (наздикии Хелсинки) дар намоишгоҳи байналхалқӣ намаки кони Бердимқули ноҳияи Ашт ба гирифтани ҷойи аввал мушарраф гардида буд.

Соли 1991 сохтмони фабрикаи коркарди намак бо мададу дастгирии мутахассисони Институти илмӣ-тадқиқотии «Украинсолҳ» оғоз, соли 1995 ба истифода дода шуд. Баъди ба истифода додани корхонаи коркарди намак сифати он аъло гардида, истеҳсоли навъҳои он афзуданд. Корхона аз соли 1997 Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Кони намак» ном гирифт.

Сол ба сол роҳу тарзҳои нави истеҳсоли намакро роҳбарияти Ҷамъият ба хубӣ дарк мекунад.

-Дар коргоҳ сохтмони тарзи нави намакистеҳсолкунӣ бо роҳи буғронӣ ба анҷом расид, ки иқтидори он дар як сол 20 ҳазор тонна навъи аълосифати «Экстра»-и ба талаботи ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мебошад. Корхона бо таҷҳизоти муосир ҷиҳозонида ва охири соли 2016 ба истифода дода шуд, -афзуд муовини директор Зиёвидин Равзалиев.

Усули нави истеҳсоли намак дар Ашт

-Намак асосан аз оби шӯр гирифта мешавад, ки мо аз қаъри замин тариқи ду чоҳи амудӣ кашида гирифта, дар палҳо тариқи бухор шудани об намаки онро ҷамъ ва коркард менамоем. Кори намакгирӣ ҳам мавсими худро дорад. Яъне, барои кори мо рӯзҳои офтобӣ басо зарур буда, ба истихроҷи хуби намак таъсир мерасонад, -мегӯяд Зиёвиддин Равзалиев.

Кори ин коргоҳ мисли кишоварзон аст, агар соли боронгарӣ бошад, маҳсулот талаф меёбад ва дар сурати офтобӣ будани мавсим он зиёд ва ҳам сифатнок мешавад. Ба ин хотир, мақсади ворид кардани таҷҳизоти нав низ ба ҳамин далел вобаста аст. Зеро бо насби ин таҷҳизот аз пали захираи обҳои намакдор ба таври мустақим обҳои шӯр ба завод ворид шуда, метавонад ҳамасола бо сифати баланд намак истеҳсол намояд. Алъон дар ду баст кор мекунанд, ки нафақат ниёзи бозорҳои вилоят, ҳатто берун аз онро таъмин менамоянд.

Дар коргоҳ 150 нафар кор мекунанд, ки бо як маҳал хӯроки гарм, либосҳои махсус ва нақлиёти хизматӣ таъминанд.

Намаки ҷамъияти мазкур дар халтаҳои гуногунҳаҷм бо иловагиҳои хушбӯи табиӣ ба фурӯш баровардашуда, асосан ба Қирғизистон ва Афғонистон содирот мешавад. Дар назар аст, солҳои оянда ба Қазоқистон, Федератсияи Россия ва дигар кишварҳои Аврупо содирот гардад.

Набиюллоҳ СУННАТӢ,
Маъмурахон САМАДОВА,
Хуҷанд - Ашт – Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh