Номи кӯчаҳо иваз шуданд?

Бидуни арҷгузорӣ ба таърихи дирӯз ягон миллате роҳи фардо ва дурнамои давлатиашро ба роҳ монда наметавонад. Тӯли 26 соли Истиқлолият бо шарофати сиёсати ояндабинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба натиҷаҳои назаррас ноил шуда истодаем. Аз ҷумла, эҳтироми гузаштагон ва пос доштани хотираи неки онҳо яке аз таъкидҳои ҳамешагии Пешвои миллат мебошад.

Масоили арҷгузорӣ ба анъанаҳои наҷиби миллӣ, гиромидошти хотираи неки арбобони илму ҳунар, ходимони давлативу ҷамъиятӣ ва пешсафони ҷомеа метавонад ба маънавиёти инсон, бахусус насли наврас ва ҷавонон таъсири мусбат расонида, ҷаҳонбиниву тафаккур, зеҳну шуур, майлу рағбати зебоиписандӣ ва ҳунару эҷоди онҳоро дар амри эҳёи анъанаҳои мардуми фарҳангсолори мо ташаккул диҳад.

Далели гуфтаи боло аз Чкаловск ба Бӯстон табдили ном кардани ин шаҳри ҷавону сабз мебошад. Азбаски шаҳри Бӯстон яке аз шаҳрҳои саноатии кишвар маҳсуб меёфт, дар он миллату халқиятҳои гуногун зиндагӣ мекарданд. Ба ин хотир, номгузории ҳамаи кӯчаҳои он дар даврони Шӯравӣ ғайритоҷикӣ буданд. Бобати ин нуктаи муҳим, яъне табдили номҳои ғайритоҷикӣ ба миллӣ масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр чӣ тадбирҳо андешиданд?

Мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси шаҳр Мамнур Нурзод иброз дошт, ки тибқи мактуби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд аз 21-уми сентябри соли 2017 Комиссияи номгузории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр баҳри дар амал татбиқ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади эҳёи анъанаҳои неки шаҳрдориву номгузории аҷдодони бофарҳанги миллат, бархурдорӣ аз қадимияти марзу буми кишвар фаъолияти самарабахшро ба роҳ мондааст.

Дар шаҳр ҳамагӣ 120 номгӯи кӯча ба қайд гирифта шуда, то имрӯз 80 кӯчаи шаҳр, 16 кӯчаи Ҷамоати шаҳраки Палос бо пешниҳоди сокинон ва ҷомеаи меҳнатӣ дар Маҷлиси вакилони халқ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Ҳамаи ин кӯчаҳо бо забони давлатӣ ба номи арбобон ва шахсиятҳои маъруф номгузорӣ шудаанд, - афзуд Мамнур Нурзод.

Мудири бахши бойгонӣ Мусаллама Қосимова дар суҳбат гуфт, ки баҳри баланд бардоштани ҳуввияти ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории насли наврас, гиромидошти хотираи неки нобиғаҳои илму адаби кишвар ва бо анъанаҳои неки миллӣ номгузорӣ намудани кӯчаву хиёбонҳо ва дар ин марҳала кӯчаҳои ба номи Калинин ба 25 солагии Истиқлолият, Чапаев ба Душанбе, Лермонтов ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум, Радишев ба номи Қаҳрамони Тоҷикистон Шириншоҳ Шоҳтемур иваз шуд.

Бовар дорем, дар ин радиф дигар шаҳру навоҳии вилоят бобати эҳтироми забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба номгузории кӯчаву хиёбон, муассисаву ташкилот иқдом менамоянд.

Шаҳноза Ҳомидова,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh