Ҳимоя аз бемории зардпарвин

Зардпарвин бемории сирояткунанда буда, барангезандааш вирус мебошад. Зардпарвини шакли “А” бемории вирусӣ буда, ҳангоми сирояти он бештар ҷигар зарар мебинад. Беморӣ асосан характери мавсимӣ – афзоишӣ дошта, ба давраи тирамоҳу зимистон рост меояд.

Вируси зардпарвин дар хун қарор мегирад ва ба атроф ба воситаи хориҷшавӣ тавассути рӯда паҳн мегардад. Он ба гурӯҳи бемориҳои сироятии рӯдамонанд шомил буда, аксаран вирус ба организм ба воситаи дасту ашёҳо (масалан, бозича, рӯйҷо) мегузарад. Бештар ба ин беморӣ кӯдакони аз 2 то 7-сола гирифтор мешаванд, аммо дар миёни одамони то 30-сола низ ин беморӣ мавҷуд аст.

Дар муддати се ҳафта аз оғози зардпарвин шахси бемор сирояткунанда мебошад. Давраи ниҳонӣ (аз вақти сироятёбӣ то нишонаҳои аввалин) ба ҳисоби миёна 21 рӯзро дарбар мегирад.

Беморӣ оғози шадид дорад, баъзан ҳарорати бемор баланд мешавад, дарди шикам ба мушоҳида мерасад, дилбеҳузурӣ, қайкунӣ пайдо ва иштиҳо баста мегардад. Ин давраи ибтидоӣ буда, ду ҳафта идома меёбад, аммо аксаран 5 рӯз тӯл мекашад. Ҳарорати баланд муддати 1-3 рӯз боқӣ мемонад. Баъди пастшавии он шахси бемор бемадориро эҳсос карда, аз дарди шикам шикоят мекунад.

Пас аз тамомшавии давраи аввал, зардпарвин пайдо шуда, беморӣ авҷ мегирад. Нишонаи хоси он дар зардии сафедии чашм ва пӯсти бемор муайян мегардад. Зардпарвин асосан 15 рӯз тӯл кашида, баъди он бемор оҳиста-оҳиста сиҳат меёбад. Баъзан ин беморӣ бидуни зардшавӣ зуҳур карда, гоҳо нишонаи давраи ибтидоии он ба мушоҳида мерасад. Аз қабили баландшавии ҳарорат, дарди шикам, камиштиҳоӣ, инчунин тирагии пешоб ба мушоҳида расида, баъд бемор худро хуб ҳис намекунад. Аммо аз рӯзи аввали беморӣ ҷигар ҳаҷман васеъ мегардад.

Назорати духтур зарур буда, риояи баъзе шароиту тартибот ва парҳез ба фоидаи саломатӣ аст.

Қаноат ҚУШНАЗАРОВА,
омӯзгори Коллеҷи тиббии
 ноҳияи Бобоҷон Fафуров

Add comment


Security code
Refresh