Пешвои миллат - падари маҳбуб ва ғамхори ятимон

Бо дастгирии Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва сарпарастии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ дар Кохи Суғдиёни шаҳри Хуҷанд ҳамоиш таҳти унвони “Пешвои миллат – падари маҳбуб ва ғамхори ятимон” бо иштироки ятимони кулл, кўдакон ва наврасон аз оилаҳои камбизоати шаҳру ноҳияҳои вилоят баргузор гардид.

Сухани ифтитоҳиро сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Олимҷон Зоҳидзода оғоз намуда, ҳамаи иштирокдоронро бо соли нави мелодӣ табрик ва аз суханҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ёдовар шуда, зикр намуд, ки дасти ёрӣ дароз кардан ба ятимону бепарасторон ва маъюбону камбизоатон яке аз фазилатҳои хуби инсонист.

Сипас, аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят баҳри болидахотирии иштирокчиён барномаи фарҳангӣ пешкаш гардид.

Дар охир, туҳфаҳо ва маблағҳои пулӣ ба ятимони кулл, кўдакон ва наврасон аз оилаҳои камбизоати шаҳру ноҳияҳои вилоят тақдим карда шуд.

Шодмон Нурматов,
шаҳри Хуҷанд

 

Add comment


Security code
Refresh