Дуобӣ – саргаҳи пайвандгарӣ

Дар миёнҷои сойоби деҳаи Хишекат қарор дорем. Вақте боло менигарем, зери осмони софу беғубор табиати афсонавӣ ба чашм мерасад. Баландиҳои шағалини варақбаста, рахнаҳои девораш аҷоибу ғароиб, шохобчаҳои равон, ду ҷӯйоби калон аз ду ҷониб, яке аз баландии деҳаи Росровут, дигаре аз баландии деҳаи Метк ба поён оромона, вале босуръат дар сойи деҳаи Хишекат ба ҳам мепайванданд, гӯё ду дӯст ба истиқболи ҳамдигар шитоб дошта бошанд. Ин саргаҳи пайвандгариро мардум Дуобӣ ном додаанд.

Дастрасӣ ба об

Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар раванди ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар ҷаҳон иродаи сиёсии худро ба номоиш гузошта, тули ду даҳсолаи охир ба сифати ташаббускори асосии чорабиниҳои сатҳи байналмилалӣ дар соҳаи об ибтикор нишон медиҳад. Дар ҳамин радиф, мардуми диёр низ бо дарки он, ки масъалаи дастрасӣ ба об яке аз омилҳои муҳими ташаккули ҳаёти инсонӣ маҳсуб меёбад, дар амри расидан ба ҳадафҳои таъминоти об мусоидат менамоянд. Зеро, сокинон, бахусус, қисмати поёнии ноҳия, ки дар тобеияти шаҳраки Ғончию Ҷамоати деҳаҳои Ғазантарак, Яхтан ва қисман Ҷамоати деҳоти Муҷун мебошанд, аз танқисии об азият доранд.

Лоиҳае, ки бо ташаббуси Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ҷонибдорӣ гашта буд, ҳангоми сафари кории Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба диёри зебоманзари мо 16 ноябри соли 2015 ба оғози кашидани хатти оби Даҳкатсой-Даҳанасой нақши дасти мубораки хешро гузоштанд. Мардуми ноҳия аз ин иқдом шукргузорӣ намуда, умед аз он доранд, ки дар муддати кӯтоҳ заминҳои ташналаб аз об баҳравар гашта, соҳаи кишоварзӣ рӯ ба инкишоф меорад. Манбаи обтаъминкунии заминҳои кишоварзии ноҳия обанбори Даҳанасой аст, ки солҳои 70-уми асри гузашта бунёд гашта буд ва ҳаҷми ғунҷоишаш 42 миллион метри мукааб аст.

Агар ҳоло 8-10 миллион метри мукааб об захира карда шавад, баъди барқарор гардидан ва омадани оби Даҳкатсой ба зиёда аз 22 миллион метри мукааб мерасад. Азбаски Деваштич ноҳияи аграрӣ ба ҳисоб меравад, соҳаи кишоварзӣ дар пешбурди иқтисодиёт нақши муҳим мебозад.

Айни ҳол масъулини сохтмонро дар ҷараёни кор вохӯрда, шоҳид гаштем, ки тавассути трактор лӯлаҳо мехобонанд. Кор то андозае ба анҷом наздик аст. Мардуми ноҳия аз итмоми ин хатти об ҳадафҳои зиёдеро интизоранд.

Роҳ дар оинаи рӯзгор

Бояд қайд намуд, ки дар мувозинати Муассисаи давлатии назорати роҳҳои автомобилгарди ноҳия 13,8 километр роҳҳои байналмиллалӣ, 22 километр ҷумҳуриявӣ, 197,6 километр аҳамияти маҳаллидошта ва 636,2 километр роҳҳои байни хоҷагиҳо, ҳамагӣ 869,6 километр роҳ мавҷуд буда, ҳолати онҳо дар назорати доимии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дорад.

Тазаккур бояд дод, ки дар соли 2017 роҳи байни Ғончӣ-Муҷун-минтақаи Исмоили Сомонӣ ба масофаи 10 километр, ки маблағи иҷрои кори мазкур 8,5 миллион сомониро ташкил медиҳад, бо дастгирии Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ мумфарш шуда истодааст.

Ободшавии роҳро мебинему бори дигар аз сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлату Ҳукумат шукргузорӣ менамоем. Маҳз роҳ вақтро ғанимат, мушкили моро осон мекунад, дуриҳоро наздик менамояд.

Сохтмони нотамом барқарор мешавад

Ҳанӯз соли 1991 сохтмони таваллудхонаи марказии ноҳия шуруъ шуда, то соли 1995 идома ёфт. Бинобар норасоии маблағ то соли 2014 сохтмон муваққатан боздошта шуда буд. Ҳангоми сафари корӣ Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ бо вазъи сохтмони бинои нотамом шинос шуданд.

Маҳз таваҷҷуҳи бевоситаи Раиси вилоят буд, ки дар шаҳраки Ғончӣ сохтмони таваллудхона аз нав ба роҳ монда шуд. Барои сохтмони бинои тиббӣ аз соли 2014 то соли 2017 аз буҷет маблағгузорӣ гардид, ки масоҳати бинои таваллудхона 3 712 метри мураббаъ буда, 39 утоқи табобатӣ ва барои 100 нафар ҷои хоб пешбинӣ шудааст. Дар асоси нақша ошхона, ҳавзи об, системаи гармидиҳии марказонидашуда, дар атрофи бино боғ барои истироҳату сайругашти беморон бунёд гардида истодааст. Ҳамчунин 11 нафар соҳибкор барои кушодани мағозаҳои хӯрокворӣ омодагӣ доранд.

Имрӯз мардуми ноҳия ободкориҳои замони муосирро дар тарозуи ақл бармекашанду қаноатмандӣ изҳор мекунанд.

Маҳбуба ҶАМОЛОВА,
ноҳияи Деваштич

Add comment


Security code
Refresh