Дастгирии оилаҳои камбизоат

Алҳол дар вилоят 315 нафар кўдаки бепарастор, 147 нафар ятими кулл, 9196 нафар нимятим ва 7015 нафар кўдакон маъюб умр ба сар мебаранд. Теъдоди оилаҳои камбизоат дар вилоят 54657 нафар аст.

Дар давоми соли 2017 ба Ҷамъият барои гирифтани кўмак 633 нафар муроҷиат кардаанд, ки ин нисбат ба соли 2016 ду баробар афзудааст. Ин нишонаи он аст, ки фаъолияти ҷамъиятро аҳолӣ торафт бештар эҳсос карда истодаанд, - афзуд Парвиз Ҷабборзода.

Барои дастгирии қишри ниёзманди ҷомеа ду нонвойхонаи иҷтимоӣ ташкил гардид, ки давоми соли 2017 зиёда аз се ҳазор оилаи ниёзманди шаҳри Хуҷанд ва ноҳияи Ҷаббор Расулов бо нони гарм таъмин гаштанд. Ҳамзамон, аз ҷониби бахш ба 600 нафар ниёзманд кўмаки яквақта расонида шуд. Давоми соли 2017-ум ба ҷамъият 989 арзу муроҷиати шаҳрвандон ворид гардидаанд, ки аксари он аз ҷониби маҷруҳони гурўҳҳои 1,2,3 ва шахсони бепарастору камбизоат аст.

Дар ҷаласаи ҷамъбастии солона доир ба бурду бохт ва камбудиву норасоии бахшҳои шаҳру навоҳӣ таъкид шуд. Набудани утоқҳои корӣ дар ноҳияи Шаҳристон ва аз пардохти ҳама гуна андоз озод шудани бахши ноҳияи Кўҳистони Мастчоҳ ва амсоли ин масъалаҳо мавриди таҳлил ва баррасӣ қарор гирифт. Худи ҳамон рўз ба як нафар зани маъюб аробачаи маъюбӣ тақдим гардид.

Шаҳбону ОЛИМӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh