Суғуртаро медонед?

Дар як суҳбати панҷдақиқагӣ бо нафари дилхоҳ метавон ба натиҷа расид, ки онҳо чӣ будани моҳияти суғуртаро кам медонанд ва ё аксарият тамоман аз он воқиф нестанд. Шамоли ба лаҳҷаи мардумӣ «ураган»-и шаби 26 ба 27 декабри соли 2017 исбот кард, ки кам касон аз суғурта ҳангоми ба фалокатҳои табиӣ гирифтор шудани манзилу молу мулкашон огоҳӣ пайдо карданд. Ин шамоли даҳшатангези вайронкор баъзе сокинонеро, ки дар хоб буданд, бедор сохт ва ба андешаи суғурта кардани манзилашон водор намуд.

«Суғурта чист? Страховка-мӣ?»

Суғурта ва моҳияти он дар ҳаёти имрўзаи мо чӣ нақше дорад? Оё касе медонад, ки аз суғурта чӣ суде ба даст меорад? Он ба ваъдааш вафо мекунад? Ҳангоми фалокатҳои табиӣ хисороти манзили шумо аз ҷониби кадом ниҳод ҷуброн мешавад? Як қатор суолҳое ҳастанд, ки аслан сокинони вилоят на ба таври комил огоҳӣ доранд.

Ин суолҳоро мо ҳангоми суҳбат дар кўчаву хиёбонҳои шаҳр ва бо баъзе дўстон тариқи телефон додем. Баъзе ба ҷои посух суол дода, мегуфтанд, ки «суғуртааш чист?». Вақте бо забони русӣ «страховка» гуфтем, «Ҳа-а-а, страховка-мӣ?»-гўён баъдан моҳияти онро ба таври худ шарҳ доданд. Аммо қишри зиёди дигар, ки дар деҳаҳо зиндагӣ мекунанд, умуман бобати ин масъала маълумоте надоранд.

Суғурта мафҳумест, ки дар ивази шартнома бо муассиса ё ширкатҳои суғуртавӣ шаҳрвандон метавонанд манзилҳои истиқоматӣ, молу мулк, ҳифзи саломатӣ ва дигар муқаррароте, ки қонун муайян кардааст, ба суғурта гузоранд.

Мувофиқи шартнома ҷониби суғуртакунанда уҳдадор мешавад, ки дар вақти рўй додани ҳодисаҳои суғуртавӣ (фалокатҳои табиӣ, садама ва ғайра) ба суғурташаванда ё шахси дигаре, ки шартнома ба манфиати ў баста шудааст, маблағи суғуртаро пардозад. Суғурташаванда бошад, уҳдадор мешавад, ки пули (ҳаққи) суғуртаро дар муҳлатҳои муқарраршуда супорад.

Шартномаи суғурта метавонад дигар шартҳоеро низ, ки бо розигии тарафайн муайян мешаванд, дар бар гирад ва бояд ба шартҳои умумии боэътибории созиш, ки дар қонунгузории шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ҷавоб диҳад.

«Чаро ҳамсоя пул гирифту ман не…?»

Бармеояд, ки суғурта кардан танҳо ба манфиати шаҳрвандон буда, дар ҳолати ҳодисаҳои ғайричашмдошт беҳтарин кўмак барои сокинон мебошад. Мутаассифона, ин нуктаро дар ҷомеа бо гунаҳои ҳарранг тафсир мекунанд, ки гўё як андоза боварӣ ба ширкат ва ё оҷонсиҳои суғуртавӣ надоранд. Баъзеҳо гўё тахмину гумон мебаранд, ки дар сурати супоридани пули суғурта бозгашти он ғайриимкон аст. Аммо тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, дар ҳолатҳои ғайримунтазира бар зарари ширкатҳои суғуртавӣ ва ба манфиати сокинон будааст.

Тасаввур кунед, ки шумо шояд ба ивази 20 сомонӣ манзили истиқоматиатонро суғурта кардед. Худо нохоста дар ҳолати заминларза ва ё дигар фалокати табиӣ хонаи шумо 1000 сомонӣ хисорот дид. Дар он сурат тибқи муқаррароти шартнома ҷониби суғуртакунанда ҳолати садама ва хисоротро санҷида, шояд то 1000 сомонӣ пардохт намояд, ки аллакай аксарият суғуртакардагон ин нуктаро метавонанд тасдиқ кунанд.

То ҷое маълумамон гашт, ин нуктаро на ҳама шаҳрвандон дарк мекунанд. Вале ҳангоми мусибати ба сарашон омада мебинанд, ки ҳамсоя ва ё ягон шиносашон аз коргоҳи суғуртавӣ ҷубронашро мерўёнад, афсўс мехўранд, ки чаро дар вақташ суғурта накардаанд. Мо низ дар ҳодиси шамоли декабр шоҳид шудем, ки кампире бо ҳайрат мегуфт: «Чаро ҳамсоя пул гирифту ман не?»

Касе дод, гирифт, касе надод, чӣ гирад?

Дар кишвари мо кам касон ба мафҳуми суғурта сарфаҳм мераванд. Ҳатто баъзеҳо беасос мегўянд, ки гўё корхонаҳои суғуртавӣ онҳоро фиреб дода, аз ҳисоби пули мардум пул кор мекунанд.

Тавре аз мусоҳибаҳо бармеояд, соли 2014 дар деҳаи Чоркўҳи шаҳри Исфара зиёда аз 50 оила ҳангоми заминларза пулҳои суғуртавӣ гирифтанд. Амак Мамадов, сокини деҳаи мазкур мегўяд, ки дар заминларза девори хонааш кафид ва ба ў ширкати суғуртавӣ 1200 сомонӣ пул дод. Инчунин, сокини ҳамин деҳа Бобохон Амонуллоев низ дар заминларза зарар дидаву 800 сомонӣ суғуртапулӣ ба даст овардааст. Аз гуфтаи аксарияти сокинон бармеояд, ки онҳо чунин ғамхориро интизор набудаанд.

Суоле ба миён меояд, ки чаро ҳамаи шаҳрвандон ба мисли кишварҳои пешрафта ихтиёрӣ молу мулкашонро суғурта намекунанд?

Тавре муовини директори Филиали КВД «Тоҷиксуғурта» дар вилояти Суғд мегўяд, як қатор муаммоҳое вуҷуд доранд, ки ҳанўз монеаи бо таври ихтиёрӣ суғурта кардани сокинон будааст.

-Аз ҷумла шояд шароити иқтисодии сокинон ҳанўз тақозо намекунад, ки онҳо бо хоҳиш молу мулкашонро суғурта намесозанд. Аммо бовар дорем, ки ин раванд муваққатӣ аст ва торафт сокинони сарбаланди мо ба дарки моҳияти суғурта мераванд, ки ба фоиди худи онҳост,-мегўяд Рустамҷон Файзуллоев.

Суғуртаҳои булъаҷаби олам

Дар олам далелҳои аҷиберо метавон шоҳид шуд, ки дар дигар кишварҳо на фақат молу мулкашон, ҳатто аъзоҳои баданашон ва ҳайвонҳои хонагиашонро низ суғурта мекунанд. Масалан, актёри Болливуд Айшвария Рай чашмони обияшро суғурта кардааст. Ҷенифер Лопес бошад, қисмати болои пойҳояшро ба ҳудуди 3 миллион доллар суғурта намудааст. Дар кишварҳои Британияи Кабир, Голландия ва дигар ақсои Аврупо ҳатто сагчаву гурбаҳои зотии камёбро ба миллионҳо доллар суғурта намудаанд. Мошинҳо, ки ба таври маъмул дар тамоми дунё суғурта мешаванд, аммо нуктаи аҷиб ва ҷолиби таваҷҷуҳ ин аст, ки дар давлати Панама шаҳрванде бампери мошинашро ба андозаи 150 000 доллар суғурта кардааст. Зеро, ба ақидаи ў ин бампер аз бобояш ба ў мерос монда, дар таркиби он хўлаҳои нуқра мавҷуд будааст.

Мошинрони командаи «Формула-1» Фернандо Алон ангуштони калони дасташро ба ивази 10 миллион евро суғурта кард, ки оламро ба ҳолати шок овард. Зеро, ба ақидаи Алон дар доштани чамбарак ва ғалабаҳои пайдарпайи ў ин ду ангушташ нақши муҳим мебозанд ва ў бояд ғами онҳоро барои рўзи мабодо қаблан хўрад.

Воқеан, вақте як ангушти калони ў зарар дид, ширкати суғуртавӣ тақрибан якуним баробар пули суғуртаашро пардохт кард. Фотомодели маъруф Клаудиа Шиффер чеҳраашро ба 5 миллион доллар, сарояндаи машҳури равияи рок Род Стюарт овоз ва садопардаи гулўяшро ба 6 миллион доллар, актрисаи машҳури Голливуд Шэрон Стоун тамоми аъзои баданашро ба 5 миллион доллар суғурта кардаанд.

Шоҳи рақси ирландӣ Майкл Флэтли аз қатор намонам гўён, ҳар як пояшро ба ивази 25 миллион долларӣ суғурта карда, бо ин васила вориди феҳрасти Китоби Гиннес шудааст.

Ин гуна булъаҷабиҳо дар дунё хеле зиёданд. Аммо яқин аст, ки ҳангоми офат касе дар канор ва дар офият нест. Ба ин хотир, барои рўзи мабодо гузоштани ягон ҳаҷми сармоя ҳеҷ бадие надорад ва таҷрибаҳои олам исбот кардаанд, ки аз суғурта касе зарар надидааст.

Такя ба гуфтаҳои болоӣ метавон хулоса намуд, ки шояд баъди гузашти якчанд вақт ва баланд шудани шуурнокӣ ва маърифати мадании сокинон ба истилоҳи суғурта бо чашми кам нахоҳанд нигарист.

Набиюллоҳ СУННАТӢ,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh