Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд

Зимни сафари корӣ ба ноҳияи Бобоҷон Ғафуров иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода чанде аз шахсиятҳои маъруфи ноҳияро аёдат намуда, ба онҳо кӯмакҳои моддӣ расонид.

Яке аз онҳо сокини Ҷамоати деҳоти Хистеварз Абдунабӣ Ҳодибоев - собиқадори меҳнат мебошад, ки солҳои зиёд дар вазифаи сардори идораи кишоварзии вилоят кор кардааст. Номбурда дар пешбурди хоҷагии халқи вилоят саҳми арзанда гузошта, новобаста аз даврони нафақа имрӯз низ дар донишгоҳ асрори касби хочагидориро ба шогирдонаш меомӯзад.

Собиқадори меҳнат, устоди пахта, депутати Совети Олии СССР Файзиниссо Тӯрабоева низ имрӯз давлати пирӣ меронад. Зимни аёдат ин зани ҳунарманд ба хотири ободиву шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ояндаи дурахшони халқ дасти дуо бардошт. Собиқадори дигари соҳа Аҳмадҷон Қосимов бошад, ба синни мубораки 93 расидааст. Номбурда солҳои тӯлонӣ дар вазифаи мудири участкаи Унҷӣ фаъолият бурда, ҳамчун кишоварзи ботадбир барои фаровонии ҳосил ва серию пурии дастархони мардум ҳиссаи назаррас гузоштааст ва ҳамчун устоди пахта бо ордену мукофотҳои давлатӣ кадрдонӣ карда шудааст. Механизатори хизматнишондодаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳмадҷон Қосимов, ки имрӯз давлати пирӣ меронад, аз пешрафту тараққиёти кишвар ва озодагиву осудагии фазои он табъи болида дорад.

Собиқадорони меҳнат аз таваҷҷуҳи роҳбари вилоят изҳори болидагӣ карданд ва дар ин вазифаи пурмасъулият барояш комёбӣ таманно намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh