Дар Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби и.в. Раиси вилоят 135 нафар пазируфта шуданд

Бо мақсади иҷрои дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиати қонунии онҳо рӯзи шанбеи 20 январ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби и.в. Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода доир гардид.

Дар ин рӯз 135 нафар сокинони шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд бо 85 масъала ба роҳбарияти вилоят муроҷиат намуданд.

Теъдоди зиёди муроҷиаткунандагон аз шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд (25 нафар), Бобоҷон Ғафуров (21 нафар), Мастчоҳ (8 нафар), Деваштич (5 нафар), Спитамен (4 нафар), Панҷакент (3 нафар) буданд. Ҳамзамон аз Истаравшан, Куҳистони Мастчоҳ, Ашт, Айнӣ, Зафаробод, Истиқлол, Исфара, Гулистон, Бӯстон Ҷаббор Расулов низ сокинон ба қабули иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят омаданд.

Сокинон асосан бо масъалаҳои марбут ба саҳми замин, манзил, таъмин шудан бо оби нӯшокиву полезӣ, ҷойи корӣ, ҳимояи ҳуқуқ, дарёфти кӯмаки молиявӣ, инчунин 35 нафар оид ба ҳалли баҳси нуқтаҳои савдо дар ҶДММ “Суғдиён” муроҷиат намуданд.

Дар ҷараёни қабул Раҷаббой Аҳмадзода арзу шикоятҳои ҳар як муроҷиаткунандаро шунида, масъулини соҳаҳои дахлдорро барои ҳалли масъалаҳои шаҳрвандон вазифадор намуд. Таъкид карда шуд, ки  ҳалли мушкилоти мардум яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлати  вилоят  ба ҳисоб меравад ва аз ин лиҳоз, ҳар як муроҷиати сокинон бояд саривақтиву мунсифона баррасӣ карда шавад. Иттилоъ дода шуд, ки бо мақсади ҳалли мушкилоти мардум ва шиносоӣ бо вазъи минтақаҳои гуногуни вилоят бо иштироки иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят дар шаҳру ноҳияҳо бо усули равзанаи ягона рӯзҳои қабули шаҳрвандон ташкил карда мешавад. Ин тадбир имкон медиҳад, ки мардум арзу дархости худро бевосита ба роҳбарияти вилоят расонанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh