Вусъати корҳои ободониву созандагӣ дар вилояти Суғд

Дар асоси нишондодҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои ободониву созандагӣ дар вилояти Суғд вусъати тоза пайдо намудааст.

Ба анҷом расонидани корҳои ободониву кабудизоркунӣ имкон медиҳад, ки кӯчаву хиёбон ва ҷойҳои ҷамъиятиву саҳни биноҳои хизмативу маишӣ боз ҳам ободу зебо гардад.

Бо мақсади тақвият бахшидан ба корҳои ободониву бунёдкорӣ ва кабудизоркунӣ рӯзи шанбеи 20 январ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар маъракаи ниҳолшинонӣ иштирок намуд. Дар ин рӯз бо ширкати Раҷаббой Аҳмадзода дар саҳни бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз шинонида шуд. Роҳбари вилоят дар баробари шинонидани ниҳолҳои ороишӣ ҳамзамон ба масъулин дастур дод, ки бо истифода аз обу ҳавои мусоид кӯчату парвариши дарахтони ороишӣ ва гулу гулбуттаҳоро афзун намоянд. Роҳбари вилоят таъкид кард, ки бояд дар роҳҳои асосии маркази вилоят низ гулҳои гуногуни ороишӣ, аз ҷумла гули садбарг шинонида шавад.

Ёдовар бояд шуд, ки дар доираи дастуру супоришҳои иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода корҳо дар самти гулзор намудани шоҳроҳи Хуҷанд-Ғафуров бомаром идома дорад.

Дар самти тозагии муҳити атроф низ дар тамоми манотиқи вилоят иқдомҳои шоиста амалӣ гардида истодааст. Масалан, рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта дар аксар шаҳру ноҳияҳои вилоят аксияи тозагии маҳал баргузор гардид, ки дар он беш аз 18 ҳазор нафар сокинони касбу кори гуногун иштирок намуда, дар тоза намудани маҳали худ саҳм гузоштанд. Ба таъкиди масъулини Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят дар натиҷаи шанбегии баргузоргардида 7,8 километр ҷуйбор тоза гардида, 800 метри мураббаъ биноҳо сафед карда шуд. Илова бар ин, беш аз 1600 дона ниҳол шинонида шуда, ба масофаи 10 километр шафати роҳҳо ва 1,8 километр соҳили дарёҳо аз ҳар гунна партовҳо тоза карда шуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh