Боздиди иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз бозори марказии шаҳри Панҷакент

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо вазъи таъминоти бозори марказии иттифоқи матлуботи шаҳр бо маҳсулоти ниёзи аввал шинос гардид.

Мушоҳидаҳо нишон дод, ки дар бозор маҳсулоти хоҷагии халқ фаровон буда, нархи маҳсулот низ нисбатан арзон мебошад. Масалан, як килограмм гӯшти гов дар бозори марказии шаҳри Панҷакент 33 сомонӣ, гӯшти гӯсфанд 35 сомонӣ ва гӯшти буз 34 сомонӣ арзиш дорад. Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид роҳбарияти шаҳр ва масъулини соҳаи кишоварзиро барои ташкили фермаҳо ва хоҷагиҳои ёрирасон ҷиҳати зиёд намудани саршумори моли калони шохдор вазифадор намуд.

Маҳсулоти дигари хоҷагии қишлоқ низ дар бозори шаҳр фаровон аст. Аз ҷумла, як килограмм себи навъи маҳаллӣ аз се то панҷ сомонӣ, пиёз аз ду сомониву сӣ дирам то дуюним сомонӣ, сабзӣ то якуним сомонӣ, картошка се сомониву сӣ дирам, нон аз якуним то панҷ сомонӣ, биринҷи оддӣ панҷ сомонӣ, навъи девзира даҳ сомонӣ, ангур даҳ-дувоздаҳ сомонӣ, бодиринг чордаҳ ва помидор ҳаждаҳ сомонӣ фурӯхта мешавад.

Дар шаҳри бостонии Панҷакент ҳунару ҳунармандӣ таърихи куҳан дошта, то имрӯз ҳунарҳои дастӣ мақоми баланди худро нигоҳ доштаанд. Вобаста ба ин, роҳбари вилоят роҳбарияти шаҳр ва ҳунармандонро тавсия дод, ки намудҳои гуногуни ҳунармандиро дар шаҳр вусъат бахшанд. Бахусус, ҳунари қаннодӣ мероси бостонии сокинони шаҳр буда, навъҳои мухталифи он аз қабили ҳалвосозию парвардасозӣ ва наботпазию нишоллопазӣ анъанаи дерина доранд. Эҳёи бештари ин ҳунарҳо барои шаҳри Панҷакент, ки минтақаи сайёҳӣ ба ҳисоб меравад, дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” хеле бамаврид аст, зеро сайёҳони хориҷӣ ба чунин падидаҳои миллӣ, аз қабили маҳсулоти қаннодӣ таваҷҷуҳи зиёд доранд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни мулоқот бо шумораи зиёди сокинон онҳоро ба меҳнати софдилона, саҳмгузорӣ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии шаҳр ва татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh