Раҷаббой Аҳмадзода собиқадорони меҳнатро аёдат намуд

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Панҷакент ду нафар собиқадори меҳнатро, ки солҳои зиёд барои пешрафти соҳаҳои гуногун хизмат намудаанд, аёдат намуд.

Тадбири мазкур дар асоси дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифта, нишони амалишавии сиёсати иҷтимоии Ҳукумати ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад. Дар ин замина, он нафароне, ки ҳастии хешро барои рушду нумуи соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ ва ободии ватан бахшидаанд, ҳамеша ба ғамхориҳои Пешвои миллат ва Ҳукумати ҷумҳурӣ фаро гирифта шуда, кору пайкори онҳо ҳамчун таҷриба ба кор бурда мешавад.

Сокини шаҳр Бобораҷаб Бобоев аз зумраи чунин шахсиятҳои фидоӣ ба ҳисоб меравад. Номбурда соли 1936 ба дунё омада, солҳои зиёд ҳамчун хизматчии давлатӣ фаъолият бурдааст. Бобораҷаб Бобоев замоне роҳбарии шаҳри Панҷакентро бар уҳда дошта, дар давраи фаъолияти пурмаҳсулаш бо мукофотҳои давлатӣ, аз ҷумла медал "Барои меҳнати шоён", орденҳои "Нишони фахрӣ" ва "Байрақи сурхи меҳнат" сарфароз гардидааст. Мавсуф се даъват намояндаи Шурои Олии РСС Тоҷикистон ва иштирокчии Иҷлосияи таърихии 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Роҳбари вилоят аз шароити зиндагӣ ва вазъи саломатии собиқадори меҳнат пурсон шуда, аз мақому мартабаи у ҳамчун фарди некуниҳод ёдовар гардид.

Собиқадори соҳаи маориф Сойра Наҷмиддинова ҳам имрӯз давлати пирӣ меронад. Ин зани маърифатпарвар барои хизматҳои шоистааш дар роҳи таълиму тарбияи насли наврас бо Нишони Аълочии маорифи халқ, унвони Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ифтихорномаи Вазорати маорифи ҷумҳурӣ қадрдонӣ карда шудааст. Собиқадорони меҳнат аз таваҷҷуҳи роҳбари вилоят изҳори болидагӣ карданд ва барои таваҷҷуҳу ғамхории ҳамешагӣ ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати мамлакат изҳори сипос намуданд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh