Боздид аз терминали навбунёди сарҳадӣ дар шаҳри Панҷакент

Рӯзи 25-уми январ иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Панҷакент аз терминали навбунёди сарҳадӣ дар шаҳри Панҷакент боздид намуд.

Зимни боздид Раҷаббой Аҳмадзода масъулинро ҷиҳати ободонии муҳити атрофи терминал ва шинонидани дарахтони ороишиву гулҳои мавсимӣ дастур дод. Ин гузаргоҳи сарҳадӣ дар доираи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Айнӣ - Панҷакент аз тарафи Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ сохта шуда, барои кормандони соҳаи гумрук шароитҳои мусоиди фаъолиятро фароҳам хоҳад овард.

Изҳори умед карда шуд, ки терминали навбунёд дар “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” ба мардум, аз ҷумла сайёҳон хизмат мерасонад. Имрӯзҳо бо татбиқи сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таваҷҷуҳи хосаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муносибатҳо бо кишварҳои ҳамсоя, аз ҷумла Ҷумҳурии Ӯзбекистон рушд меёбанд. Дар ин росто фаъолияти гузаргоҳи сарҳадии замонавӣ барои равуои сокинон ва густариши муносибатҳо манфиати калон хоҳад расонид.

Дар идома иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят бо фаъолияти Маҷмааи фароғатию хизматрасонии ”Меҳру муҳаббат" шинос шуд.

Роҳбари вилоят ташаббуси соҳибкорро дар мавриди ташкили коргоҳи нави дӯзандагӣ истиқбол кард. Зеро ташкили коргоҳҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ дар шаҳр ҷиҳати таъмини маҳсулоти хушсифату дастрас ба аҳолӣ ва бо кор таъмин намудани сокинон хеле муҳим аст. Коргоҳи дузандагӣ беш аз 40 нафар занону бонувони шаҳрро соҳиби кору маош хоҳад кард. Роҳбари вилоят ба соҳибкор тавсия дод, ки ба сифати маҳсулот диққати аввалиндараҷа диҳад. Коргоҳ метавонад ҷиҳати фаъолияти минбаъда ва дарёфти харидор бо муассисаҳои маорифу тандурустӣ ва Корхонаи муштараки “Зарафшон” ҷиҳати дӯхтани либосҳои мактабӣ ва соҳавӣ ҳамкорӣ намояд.

Имрӯз дар шаҳри Панҷакент 134 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ бо фарогирии 57 ҳазор хонанда ва 4700 омӯзгор ва муассисаҳои соҳаи тандурустиву Корхонаи муштараки “Зарафшон” бо шумули ҳазорҳо нафар корманд пеш аз ҳама ба таъминоти либоси ягонаи соҳавӣ эҳтиёҷ доранд.

Раҷаббой Аҳмадзода роҳбарияти шаҳр ва соҳибкорро ҳамчунин барои ободониву кабудизоркунии муҳити атрофи марказ ҳидоят намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh