Шиносоӣ бо рафти корҳои бунёдкориву созандагӣ дар шаҳри Истаравшан

Дар идомаи сафари корӣ ба шаҳри Истаравшан иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода рафти навсозии роҳи асосии шаҳри Истаравшанро мавриди назар қарор дод.

Зимни шиносоӣ ба роҳбари вилоят иттилоъ доданд, ки дарозии роҳи таҷдидшаванда 14 километрро ташкил дода, он бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ба пуррагӣ навсозӣ ҳоҳад шуд. Тибқи нақша ду канори роҳ низ ободу сарсабз гардонида шуда, роҳравҳо сафолакпӯш ва кучаи марказӣ чароғон мешавад. Барои иҷрои корҳо ҷалби 10 миллион сомонӣ дар назар дошта шудааст. Ҳамчунин дар ин мавзеъ мақомоти иҷроияи маҳаллӣ нақша дорад, ки маҷмааи Нишони давлатиро бунёд намояд. Роҳбари вилоят аз ташаббусҳои созандаи соҳибкорони маҳаллӣ изҳори хушнудӣ намуда, ба масъулин дастур дод, ки корҳоро бо сифати баланд ба анҷом расонанд.

Дар хиёбони Истиқлоли шаҳри Истаравшан аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Ҳанифа Ёқубова дармонгоҳи амрози занона бунёд ёфтааст. Иншооти мазкур аз чор ошёна иборат буда, бо харҷи наздик 3 миллион сомонӣ қомат афрохтааст. Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят вилоят ҳангоми боздид аз марказ ба роҳбарияти он тавсия дод, ки бояд беҳтарин мутахассисони соҳа ба кор ҷалб карда шуда, дар вақти табобат усулҳои муосири табобат истифода бурда шавад. Ҳамчунин ташкили хизматрасониҳои урологӣ ба манфиати кор дониста шуд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят ҳамзамон ҷиҳати ободониву кабудизоркунии муҳити атроф ба масъулин дастуру супоришҳои мушаххас дод. Тавсия дода шуд, ки дар ду канори роҳ дарахтони ҳамешасабз шинонида, бештар аз гулҳои баҳорӣ ва лола истифода баранд.

Дар ҳамин мавзеъ Раҷаббой Аҳмадзода бо лоиҳаи барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳр шинос гардид. Лоиҳаи мазкур аз ҷониби Бонки Аврупоии таҷдид ва рушд амалӣ гардида, то кунун дар ҳудуди шаҳр 24 км қубурҳои обгузар иваз карда шудааст. Ҳамзамон дар асоси лоиҳа таъмиру азнавсозии 21 чоҳи амудӣ, бунёди 6 чоҳи нав ва иваз намудани қубурҳои обгузар ба нақша гирифта шудааст. Баробари татбиқи лоиҳа зиёда аз 2 ҳазор хоҷагии маркази шаҳр ба оби хушсифати нӯшиданӣ дастрасӣ пайдо карда, талафоти об бамаротиб коҳиш дода мешавад.

Дар идомаи сафар иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода бо ҷараёни бунёди меҳмонхона, ки дар хиёбони Истиқлол воқеъ аст, ошно гашт. Ба роҳбари вилоят иттилоъ доданд, ки меҳмонхонаи мазкур аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Бурҳон Эргашев қомат афрохта, аз 4 ошёна иборат мебошад ва он бо харҷи 2,8 миллион сомонӣ сохта шудааст. Меҳмонхона аз 18 ҳуҷра ва 36 ҷои хоб иборат буда, инчунин дорои толори хурд ва ошхона мебошад. Сохтмоничиён то имрӯз корҳои асосиро ба итмом расонидаанд ва айни замон машғули корҳои пардозиву ороишианд. Ҳангоми бозид роҳбари вилоят ба соҳибкор тавсия дод, ки хизматрасонӣ бояд дар сатҳи баланд ба роҳ монда шавад. Баробари мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани меҳмонхона то 30 нафар сокинони маҳаллӣ бо ҷойи корӣ таъмин хоҳанд шуд.

Дар доираи сафари корӣ ба шаҳри Истаравашан иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар маркази шаҳр бо ҷараёни сохтмони маҷмааи Нишони давлатӣ шинос гардид. Чӣ тавре маълумот дода шуд, иншооти мазкур бо маблағгузории мақомоти иҷроияи маҳаллӣ бунёд ёфта, то имрӯз наздик 60 дарсади корҳо ба сомон расонида шудааст. Маҷмааи Нишони давлатӣ бо ҷалби мутахассисон ва устоҳои чирадасти Истаравшан ба таври хоса бо омезиши нақшу нигори миллӣ бунёд карда хоҳад шуд. Интизор  меравад, ки дар оянда ин мавзеъ ба макони хуби истироҳату фароғати сокинон ва ҷойи баргузории чорабиниҳои мухталифи сиёсиву фарҳангӣ табдил ёбад.

Роҳбари вилоят ҳамчунин рафти бунёди Маҷмааи Парчами давлатиро мавриди назар қарор дод. Парчамии миллӣ дар назди Маркази ҷавонон ва наврасон қомат афрохта, атрофи он ба ободониву кабудизоркунӣ фаро гирифта хоҳад шуд. Ҳамчунин дар шафати он бо ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ маркази дилхушӣ барои кӯдакон ва утоқҳои ҳунаромӯзӣ сохта мешавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh