Амалҳои террористӣ пешгирӣ гардиданд

Дар толори Раёсати Вазорати корҳои  дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи намояндагони васоити ахбори омма доир гардид.

Сардори Раёсати мазкур, генерал-полковник Қудратулло Назарзода оид ба натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ - хизматии Раёсат изҳор дошт, ки дар давоми соли 2017 аз ҷониби ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ содиршавии 5712 ҷиноят, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва прокуратура 4854 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, тафтишоти ошкорнамоии 4478 адад, яъне 93,35 фоизи ҷиноят таъмин шудааст.

-Мутаассифона, содиршавии ҷиноятҳои бо истифодаи силоҳ 200 фоиз, қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ 52,78 фоиз, таҷовуз ба номус 12,5 фоиз, ғоратгарӣ 12,5 фоиз, авбошӣ 5,52 фоиз, тасарруфи моликияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ бо роҳи азхудкунӣ ё исрофкорӣ 13,8 фоиз, порахӯрӣ 45,45 фоиз нисбат ба соли 2016 зиёд гардидааст, - гуфт мавсуф.

Қайд кардан бамаврид аст, ки натиҷаҳои фаъолияти оперативӣ – ҷустуҷӯии мақомоти корҳои дохилӣ дар самтҳои муайян, дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб намудани аъзоёни ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ – экстремистӣ, дарёфт ва мусодираи маводи мухаддир назаррасанд.

Дар ҷараёни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ 3 амали террористӣ дар шаҳру ноҳияҳои Истаравшан, Исфара ва Ҷаббор Расулов пешгирӣ, ҷинояткорон дастгир ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуданд.

Соли гузашта аз ҷониби ноболиғон ҳамагӣ 170 ҷиноят ба қайд гирифта шуда, аз он 114 ҷиноят дар танҳоӣ ва 56 ҷиноят дар ҳайати гурӯҳӣ содир гардидааст.

Қудратулло Назарзода ҳамзамон дар бобати афзоиши садамаҳои роҳу нақлиётӣ қайд кард, ки теъдоди бештари онҳо дар роҳҳои автомобилгарди шаҳру навоҳии Гулистон,

Конибодом, Мастчоҳ, Шаҳристон ва Айнӣ сар задаанд. Соли 2017 дар маҷмӯъ 321 садамаи роҳу нақлиётӣ, аз ҷумла 107 садамаи ҳалокатовар ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 140 нафар ба ҳалокат расида, 320 нафар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ ба суоли рӯзноманигорон аз ҷониби масъулин посухҳои мушаххас дода шуд.

Маъмурахон САМАДОВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh