Дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қабули шаҳрвандон баргузор шуд

Рӯзи 14 феврали соли 2018 дар ноҳияи Мастчоҳ аз ҷониби иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қабули шаҳрвандон баргузор шуд.

Зимни суҳбати рӯ ба рӯ бо мардум иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят изҳор дошт, ки қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Мастчоҳ бо мақсади иҷрои дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ҳалли мушкилоти мавҷуда доир мешавад.

Дар рӯзи қабули шаҳрвандон, ки дар бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳ доир гардид, 80 нафар ҷиҳати ҳалли масъалаҳои гуногун, аз ҷумла ҳалли масъалаҳои марбут ба саҳми замин, таъмири роҳҳо, таъмин шудан бо оби нӯшокӣ, ҳимояи ҳуқуқ, дарёфти кумаки моддӣ ва дигар масъалаҳо ба роҳбари вилоят муроҷиат намуданд.

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода пас аз шунидани арзу дархости сокинон ҷиҳати ҳалли онҳо ба роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва роҳбарияти ноҳияи Мастчоҳ дастурҳои мушаххас дод. Гуфта шуд, ки ҳар як муроҷиати сокинон дар давоми 1 моҳ баррасӣ гаардида, аз натиҷаи он ба шаҳрвандон гузориш дода шавад.

Роҳбари вилоят ҳамзамон таъкид намуд, ки бояд заминҳои мавҷуда самаранок ва оқилона истифода бурда шаванд. Ба масъулин ҳамзамон ҷиҳати ташкили гармхонаҳои замонавӣ, афзун намудани саршумори чорвои калони шохдор, таъмини заминҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ, таъмин намудни шаҳрвандон ба ҷойи кор, дастгирии оилаҳои эҳтиёҷманд дастур дода шуд.

Дар ин рӯз ба чанде аз оилаҳои камбизоати ноҳияи Мастчоҳ кӯмакҳои моддии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh