Тезронӣ орад пушаймонӣ!

Тағироту иловаҳои воридгардида, дар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, баҳри паст гардонидани сатҳи садамаанокӣ равона гардидааст.

Новобаста аз ин дар натиҷаи риоя иакардани талаботи қоидаи ҳаракат дар роҳ аз тарафи бархе аз ронандагони воситаҳои нақлиёт, дар моҳи январи соли равон 18 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари он 10 нафар ҳалок гардида, 15 нафар ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштаанд. Сарфи назар намудани талаботи қоидаи ҳаракати дар роҳ ва маърифати пасти баъзе аз ронандагони восситаҳои нақлиёт боиси зиёд шудани қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ва рух додани садамаҳои нақлиёти бо оқибатҳои  вазнин гашта истодааст.

Новобаста аз он, ки қонунгузорӣ дар моддаи 127, 212 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгарии ҷиноятиро нисбати шахсе, ки бар асари вайрон намудани қоидаи ҳаракат дар роҳ ҳангоми идораи воситаи нақлиёт, яъне баъд аз  содир намудани садамаи роҳу нақлиётӣ, дидаю дониста ба шахси ҷабрдида, ки дар вазъияти барои ҳаёт ва саломатиаш хавфнок қарор дорад, нарасонидани ёрии аввали тибби ё дастрас намудан ба муассисаи наздиктарини табобатӣ, бидуни хабар додан ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷои ҳодисаро тарк менамояд, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ намудааст. Мутассифона, ҳоло чунин ҳолатҳои аз ҷои садамаи нақлиётӣ фирор намудани ронандагони воситаҳои нақлиёт  ҷой дорад.

Чунончи; Санаи 25-уми январи соли 2018 ронандаи автомошинаи тамғаи номаълум ҳангоми ҳаракат бо роҳи нақлиётгарди “Айнӣ-Панҷакент” дар км-78 дар ҳудуди деҳаи Дашти Маллаи шаҳри Панҷакент, дар натиҷаи баланд намудани сурати ҳаракат бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Абдурасул Қурбонов, истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент, ки роҳро аз тарафи рост ба чап мегузашт, пахш намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Дар натиҷа пиёдагард Абдурасул Қурбонов ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст. ҳангоми гузаронидани ҷораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони БДА, маълум карда шуд, ки ҷинояти мазкурро ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Зефира” рақами қайди давлатиаш ТҶ 8600АЕ/02, Атабулло Шарифов истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент содир намудааст, нисбати  ӯ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ӯро маҳбасӣ шудан таҳдид мекунад. ҳарчанд дар ин бора аз  ҷониби кормандони Шӯъбаи БДА- вилоят, борҳо корҳои тағриботию ташвиқотӣ гузаронида шуда, ҳатто аз оқибатҳои нохуши он гузоришҳо таҳия ва пешниҳод гардидааст, вале мутассифона ин ҳолатҳо боз  такрор меёбанд. Набояд  фаромӯш кард, ки ҳар як ҷиноят дер ё зуд аз тарафи кормандони милитсия ошкор гардида, ҷинояткор ба ҷавобгарӣ кашида мешавад.

ҳамзамон санаи 28 январи соли 2018, ронандаи автомошинаи тамғаи “БМВ” рақами қайди давлатиаш ТҶ 8158 СО/02, Шӯҳратхоҷа Солихоҷаев  истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Гагарини шаҳри Хуҷанд, дар рӯбарӯи варзишгоҳи “Лочин” аз сабаби баланд намудани суръати ҳаракат, бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, аз роҳ баромада  ба симчӯби канори рости роҳ бархӯрдааст. Дар натиҷа ронанда Шӯҳратхоҷа Солихоҷаев ва мусофирон Наимҷон Саидов ва Рухшона Ҷӯраева ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта ба Беморхонаи шаҳри Хуҷанд бистарӣ гардидаанд. Мусофири дигари автомошинаи мазкур Лола Ҷӯраева истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд, аз ҷароҳатҳои вазнинӣ бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Ё худ санаи 2 феврвли соли 2018,ронандаи автомошинаи тамғаи “Опел-Астра” рақами қайди давлатиаш ТҶ 6318 ДО/02 Тошмирзо Дӯстов соли таваллудаш 1942 истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент ҷамоати деҳоти Суҷина, ҳангоми ҳаракат дар роҳи нақлиётгарди “ Айни-Панҷакент”дар км-85 дар ҳудуди бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, пиёдагард Мухбилҷон Раҳимов соли таваллудаш 1964 истиқоматкунандаи шаҳри Панҷакент ҷамоати деҳоти Суҷина, ки роҳро аз тарафи рост ба чап мегузашт, пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард Мухбилҷон Раҳимов аз ҷароҳати ҷисмонии бардоштааш дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Карим ҶУМАЕВ,
нозири калони ГТТ ШБДА РВКД
ҶТ дар вилояти Суғд майори милитсия
А.Фозилбеков,
нозири калони ТТ ШВКД ҶТ
дар шаҳри Хуҷанд майори милитсия

Add comment


Security code
Refresh