Шиносоии Раҷаббой Аҳмадзода бо рафти корҳои ободонӣ дар шаҳри Гулистон

Рӯзи 19 феврали соли равон иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Гулистон бо рафти корҳои ободонӣ шинос гардид.

Маврид ба зикр аст, ки бо супориши роҳбари вилоят ва бо назардошти минтақаи сайёҳӣ будани шаҳри Гулистон як қисмати даромадгоҳи шаҳр мавриди навсозӣ қарор гирифта, бо сангҳои ороишӣ намои зеборо ба худ касб хоҳад кард. Раҷаббой Аҳмадзода дар аснои боздиди корӣ ба масъулин ҷиҳти иҷрои босифати корҳо тавсияҳо дод. Ҳамзамон бо иштироки роҳбари вилоят дар ҳудуди даромадгоҳи шаҳр 120 бех булути ҳолландӣ ва дигар дарахтони нодир шинонида шуд.

Хотирнишон бояд кард, ки дар асоси дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру навоҳии вилояти Суғд ба корҳои ободониву созандагӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад. Аз ҷумла, дар шаҳри Гулистон корҳои бунёдкорӣ вусъати тоза пайдо намуда, шинонидани ниҳолҳои ҳамешасабзу ороишии нодир, гулу гулбуттаҳо, тозаву назаррабо нигоҳ доштани муҳити зист, навсозии кӯчаву хиёбонҳо идома дорад. Ба иттилои масъулини раёсати хоҷагии манзилию камуналии шаҳр дар шафати роҳҳои мошингард, кӯчаву хиёбонҳо ва дигар мавзеъҳо беш аз 4000 бех гули лола ва садҳо бех ниҳолҳои ҳамешасабз шинонида шудааст.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh