Конибодом. Раҷаббой Аҳмадзода иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватаниро аёдат намуд

Рӯзи 21 феврали соли 2018 иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом ду нафар собиқадоронро аёдат намуд.

Роҳбари вилоят дар арафаи Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба манзили иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ Мансур Қосимов ва Комилҷон Қобилов ташриф оварда, аз вазъи саломатӣ ва шароити зиндагии онҳо пурсон шуд. Зимни боздид собиқадорон бо ёдоварӣ аз солҳои вазнини зиндагии худ аз пойдории сулҳу субот  дар Тоҷикистони соҳибистиқлол шукрона карда, барои дастгириҳои пайваста ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода дар идомаи сафари корӣ бо ҷараёни корҳои ободонӣ дар гузаргоҳи сарҳадии “Равот”, ки дар марзи Тоҷикистон бо Ӯзбекистон қарор дорад, шинос шуд. Роҳбари вилоят дар аснои шиносоӣ ба масъулин дастур дод, ки корҳои ободонӣ тибқи нақша ва бо сифати баланд ба анҷом расонида шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh