Саратон ва пешгирии он

- Саратони ғадуди сина яке аз бемориҳоест, ки дар байни навъҳои бемории саратонӣ дар ҷаҳон бештар гардидааст. Дар миқёси ҷаҳон ҳар сол аз ҳаштсад ҳазор то як миллион нафар гирифтори бемории саратон мегарданд, - қайд кард зимни суханронӣ дар ҷаласае, ки дар маҷлисгоҳи КВД «Кохи матбуот» бо иштироки табибон ва намояндагони ВАО баргузор гардид, директори Маркази тибби оилавии вилоят Мунира Содиқова.

Маҳфилро рӯзноманигор Хуршеда Содиқова ҳусни оғоз бахшида, аҳли нишастро муаррифӣ намуд.

Дар бораи бемории саратон, омилҳои хатарнокӣ ва нишонаҳои аввалини он М. Содиқова маълумоти муфассал дод. Айни замон бемории саратон, хосатан саратони ғадуди сина дар байни аҳолӣ, бештар байни занон зиёд паҳн гаштааст. Бемории саратони ғадуди сина бемориест, ки дар он ҳуҷайраҳои саратонӣ аз бофтаҳои ғадуди сина ба вуҷуд меоянд. Дар миқёси ҷаҳон байни дигар бемориҳои саратонӣ он ҷойи аввалро гирифтааст.

Нишонаҳои он кадомҳоанд? Дар зери пӯсти ғадуди сина пайдо шудани гиреҳҳои сахт, ки ҳангоми ҳаҷман калон гаштанаш роҳҳои лимфорав маҳкам шуда, рӯи пӯсти ғадуди сина мисоли пӯсти лимӯ мешавад. Ҳамчунин, кашиши пӯст дар рӯи ғадуд ва варами сина, пайдоиши сурхӣ, кафидани омос ва аз он рафтани хуноба ва пайдоиши гиреҳҳои калони лимфагии зери бағал мебошад.

Баҳри пешгирӣ ва ё муолиҷаи он занони ҷавон соле ду маротиба, пас аз панҷоҳсолагӣ як маротиба аз муоинаи табибон бояд гузаранд. Мутаассифона, дар байни мардон низ чунин беморӣ ба мушоҳида расидааст. Агар бемор сари вақт ба табиб муроҷиат намояд, дар марҳалаи якум ва дуюм имкони табобат кардани он ҳаст. Баҳри муоина ва пешгирии он айни ҳол мунтазам корвони сайёри саломатӣ ба шаҳру ноҳияҳо рафта, кулли аҳолии деҳоти дурдастро ройгон ташхис менамоянд.

Табибон Саломат Каримова, намояндаи Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Истамбону Расулова, сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии «Согдийская правда» Исҳоқҷон Зокиров оид ба беаҳамият набудан нисбат ба саломатӣ, пешгирии бемории мазкур, ба сабаби алҳол дар ҳудуди вилоят ҳамагӣ ду таҷҳизоти тиббии момография амал карданаш ва бинобар ин гаронарзиш будани муоина, бо мақсади баррасӣ ба аҳолӣ оид ба масъалаи мазкур мунтазам ба роҳ мондани ҳамкории табибон бо расонаҳои хабарӣ ва электронӣ таклиф ва пешниҳодҳо карда шуданд.

Семинар бо ташаббуси ташкилоти ҷамъиятии «Авасто» тибқи барномаи ЮСАИД «Тандурустии босифат», ташкилоти Аврупо «ДОННА» ва Медиа - клуби «Согдиана» ба муносибати чоруми феврал – Рӯзи муборизаи ҷаҳонӣ бар зидди бемории саратон доир гардид.

Тавҳида ҶӮРАЕВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh