Тадбирҳои амалӣ баҳри таъмини донишҷӯён бо ҷои кор

-Айни ҳол Донишкадаи кӯҳӣ – металлургии Тоҷикистон дар шаҳри Бӯстон тибқи иҷозатномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи 16 ихтисоси равияи кӯҳӣ - металлургӣ мутахассисонро тайёр намуда истодааст, - гуфт зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон ректори донишкада Мухтор Фозилзода. - Шуруъ аз соли хониши 2018-2019 боз аз рӯи 3 ихтисоси навтаъсис: технологияи химиявии моддаҳои ғайриорганикӣ, мавод ва маҳсулот, менеҷменти экологӣ ва аудит дар саноат, технология ва таҷҳизоти саноати заргарӣ қабули довталабонро ба роҳ хоҳад монд.

Ҷараёни таълим дар донишкада тибқи Стандарти давлатии таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз рӯи низоми кредитӣ ба роҳ монда шудааст. Тибқи нақшаи раванди таълим ва фармоишҳои ректор донишҷӯёни бахши 2 ба корхонаҳои соҳавӣ ва муассисаҳо ба монанди: ҶМТКММ «Апрелевка», ҶМДММ «Петролиум Суғд», ҶСК «Ангишт», Шабакаҳои барқии вилояти Суғд, НБО «Дӯстии халқҳо», Шабакаҳои барқии шаҳри Бӯстон, ҶДММ «Элегант», КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Коргоҳи таъмири қатораҳо, КВ «Экспедитсияи комплексии геологии Қайроққум», КВД «Фулузоти нодири Тоҷикистон», КФД «Хизматрасонии нақлиётӣ ва логистикӣ» дар вилояти Суғд, ҶДММ «МНА - 31» ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, КВД «Аэрогеодезияи Суғд», ҶСК «КМ Адрасмон», КФ «Корхонаи мошинсозӣ»-и шаҳри Бӯстон ва дигарҳо барои шиносоӣ ва таҷрибаомӯзӣ бо истеҳсолот сафарбар карда шуданд.

Имрӯз теъдоди умумии кормандон 272 нафарро ташкил дода, аз ин 174 нафар корманди илмӣ-педагогӣ, аз ҷумла 5 нафар профессор, 45 нафар номзади илм, дотсент, 61 нафар муаллими калон ва 63 нафар ассистент фаъолият доранд. Ҳайати донишҷӯёни донишкада бошад, дар соли сипаришуда дар се факулта аз рӯи 16 ихтисос ҳамагӣ 3121 нафарро ташкил намуда, аз ин 2168 нафар дар шуъбаи рӯзона ва 945 нафар дар шуъбаи ғоибона мебошанд.

Раёсати донишкада ва бахши рушди касбият, таҷрибаомӯзӣ ва кор бо мутахассисони ҷавон баҳри бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкунандагон - мутахассисон мунтазам тадбирҳои амалӣ меандешад. Яке аз ин тадбирҳо ба тавсиб расонидани шартномаҳои ҳамкорӣ бо корхонаҳои соҳавӣ-саноатӣ ва ташкили озмунҳои ҷойи кор мебошад.

Дар охир рӯзноманигорон ба саволҳои хеш ҷавобҳои мушаххас гирифтанд.

Нодир ТУРСУНЗОДА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh