Фурӯши маҳсулоти пастсифат пешгирӣ гардид

Прокуратураи вилояти Суғд баҳри иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон", бехатарии маҳсулоти ғизоӣ, таъмини амнияти санитарию эпидемиологӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ пайваста чораҷӯӣ мекунад.

Бо ин мақсад бо фармони прокурори вилоят гурӯҳи корӣ таъсис дода шуд. Ба ҳайати он ҳамчунин, мутахассисони Маркази “Тоҷикстандарт”, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ва Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд шомиланд.

Дар давраи санҷиш ҳолатҳои риоя накардани қоидаҳои савдо ва хизматрасонӣ, истеҳсол, фурӯш, таҳвили маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ошкор карда шуд. Ҳамзамон, ҳолатҳои бе сертификатсияи ҳатмӣ ба фурӯш баровардани молу маҳсулоти хӯрока ва хизматрасонӣ, риоя накардани қоидаҳо ва бе муоинаномаи тиббӣ истеҳсол ва фурӯши маҳсулоти хӯрока ба фурӯш баровардани молу маҳсулоти мӯҳлати истеъмолиашон гузашта, ки ба ҳаёт ва саломатӣ хатар доранд, муайян гардид. Инчунин, ҳолатҳои фиреб додани истеъмолкунандагон, низ ошкор карда шуд.

Чунончӣ, соҳибкори инфиродӣ Ю.Мӯъминов, дар ноҳияи Зафаробод, кӯчаи И.Сомонӣ, ошёнаи якуми бинои меҳмонхонаи “Наргис” ба истеҳсоли панири ҳолландӣ машғул шуда, маҳсулоти истеъмолиро бе ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи бехатарӣ (хулосаи санитарию эпидемиологӣ) ба фурӯш баровардааст. Дар рафти санҷиш аз ин сехи истеҳсолӣ 40 кг. панирӣ ҳолландӣ ба маблағи умумии 1160 сомонӣ дарёфт ва аз фурӯш боздошта ба ташхис супорида шуд.

Мувофиқи хулосаи ташхиси озмоишии санитарӣ-микробиологии Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии вилоят дар таркиби панир қаламчаи микроби рӯда дарёфт карда шудааст, ки ба талаботи бехатарӣ, ҳаёт ва саломатии истеъмолкунандагон хатарнок аст.

Бинобар ин, аз тарафи прокуратураи вилоят нисбати З.Мӯъминов парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Ё ин, ки соҳибкори инфиродӣ А.Рауфов бо роҳи фиреб додани истеъмолкунанда ба шаҳрванд А.Абдуазизов, 9 адад машруботи спиртиро ба маблағи 181 сомонӣ фурӯхтааст, ки дар он санаи истеҳсол нишон дода нашуда, қувватнокии он, назар ба тамғақоғази дар болои он насб карда шуда, пасттар мебошад.

Чунин машруботи спиртии пастсифат дар маҷмӯъ 18 адад ба маблағи умумии 141,5 сомонӣ аз дохили мағозааш дарёфт карда шуд.

Инчунин, А.Рауфов дар пештахтаи мағозаи худ 26 намуд, ба маблағи умуми 645,50 сомонӣ молу маҳсулоти хӯрокаи мӯҳлати истеъмолиашон гузаштаро ба фурӯш мондааст. Оид ба ин ҳолат аз тарафи прокуратураи вилоят нисбати А.Рауфов парвандаи ҷиноятӣ оғоз ва бо ҳукми суд маҳкум карда шуд.

Ба ин монанд, соҳибкори инфиродӣ Р.Аҳроров дар мағозаи №43-и дохили бозори “Бунёдкори Нов”-и ноҳияи Спитамен бо роҳи фиреб додани истеъмолкунандагон молу маҳсулоти худсози пастсифати сохтмониро ба маблағи умумии зиёда аз 30 000 сомонӣ ба фурӯш баровардааст, ки нисбати номбурда аз тарафи прокурори вилоят парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда, бо ҳукми суд маҳкум карда шуд. Дар маҷмуъ, аз натиҷаи санҷишҳо нисбат ба 104 нафар шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз ва баъди тафтишот ба судҳои дахлдор ирсол гардидаанд.

 А.Мирзозода,
 прокурори шуъбаи
назорати умумии прокуратураи вилояти Суғд 

Add comment


Security code
Refresh