Об – сарчашмаи ҳаёт

«Дар дунё касе инкор карда наметавонад, ки об дар ҳастии инсоният дурри гаронбаҳост, об ин худи ҳаёт, об ин рушд, тараққиёт, пешрафт ва ояндаи ободу осудаи наслҳои нав мебошад».

Эмомалӣ Раҳмон

Шароити кишвари мо аз ҷиҳати захираҳои обӣ нисбат ба дигар ҷумҳуриҳо хубтару мувофиқтар аст. Ҳаёт ва афзоиши тамоми мавҷудоти рӯи Замин, алалхусус одам ба об, ба ин муъҷизаи асрорангези табиат вобаста мебошад.

Аз ин рӯ, баҳри бедор намудану ташаккул додани одобу маърифати экологии наврасону ҷавонон ҳар як шахси солимақлу бохирад, ватандӯсту ифтихори миллидоштаро зарур аст, ки дар сарфакорона истифода бурдани ин неъмати бебаҳо намунаи ибрат бошанд. Аз нигоҳи олимон муайян карда шудааст, ки ҳаёт ва нишонаҳои он ибтидо дар об ба вуҷуд омадаанд.

Тоҷикистон дар ҷодаи ҳифзи муҳити зист, хоса бо эълон намудани «Даҳсолаи амалиёти об барои ҳаёт» ташаббускор ва афзункунандаи ин неъмати табиӣ дар ҷаҳони муосир пазируфта шудааст. То ба имрӯз нигоҳ доштани чаҳор унсур – обу ҳаво ва хоку оташ, ки бо мақсади обод нигоҳ доштани муҳити зист равона гардидааст, оини мардуми покгавҳар буду ҳаст. Муаммоҳои глобалии экологӣ ба ҳар минтақа бо хусусиятҳову тазоҳуроти алоҳида муҳимият касб мекунанд.

Яке аз масъалаҳои мубрами замон – ин дар ниҳоди наврасон ташаккул додани шавқу завқ, одобу маърифати экологӣ, муҳофизати табиату сарватҳои гаронбаҳои он, аз ҷумла об ва оқилонаю сарфакорона истифода намудани он ба шумор меравад. Гузашта аз ин, ҳар як ашхоси боақлу хирад бояд бифаҳмад, ки табиат сарчашмаи ҳаёт, хонаи мо, манбаи меҳнату фароғат, зиндагию зебоӣ ва саломатии гаронбаҳои онҳо мебошад.

Дар кураи Замин зиёда аз 2,5 миллиард одам ба оби тозаи ошомиданӣ эҳтиёҷ доранд. Ҷумҳурии мо дар ҷодаи манбаву захираи обҳои тозаи нӯшокӣ дар ҷомеаи ҷаҳонӣ яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд.

Аз ин ҷост, ки суханрониҳо ва иқдомҳои неку хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар нафарро водор месозад, ки барои рушду нумуи соҳаи экология, манбаву захираҳо ва истифодаи оқилонаю сарфакоронаи об чораҳои мушаххас андешад.

Бояд ба олами зебою нотакрори гӯшаи кишварамон бо назари нек ва муҳаббати бепоён нигариста, сарвату боигариҳои гаронбаҳояшро дарёфт ва ба ҳифзи он ҳамаҷониба кӯшиш намоем.

Парвиз Олимов,
омӯзгори МТУҒ
 «Гулчини маърифат»

Add comment


Security code
Refresh