Тоҷику ӯзбек аз азал дӯсту бародаранд...

Мансур Мирзоев, сокини шаҳри Конибодом, иштирокчии иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон: - Аввалан кушода шудани гузаргоҳҳои байни сарҳадҳои давлатии Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро, ки мардуми ду халқ дер боз интизор буданд, ба ҳамаи сокинони вилояту ҷумҳурӣ табрик мегӯям.

Мо - мардуми тоҷику ӯзбек натанҳо ҳамсояҳои хеле қарину наздикем, балки фарҳангу анъана ва урфу одатҳоямон як аст. Дар мардуми куҳанбунёдамон ҳикмате ҳаст, ки мегӯяд: «ҳавлӣ магир, ҳамсоя гир». Мо - халқи тоҷик шукр мегӯем, ки бо чунин мардуми соҳибфазилату доно, давоми асрҳо санҷидашуда бо халқи ӯзбек ҳамсоя ҳастему риштаи хешутаборӣ дорем. Ҳатто, ҷойгиршавии ҷуғрофӣ ва шароитҳои иқлими якхела мамлакатҳои моро муттаҳид мекунад ва баҳри мо шароиту имконияти фаровонро дар мустаҳкам кардани ҳамкориҳо муҳайё менамояд. Имрӯз аз чеҳраи ин ду халқ аён гардид, ки онҳоро аз ҳам ҷудо кардан амри маҳол аст, мисли гӯшту нохун. Гуфтан мумкин аст, ки ин гуна рӯйдоди фараҳбахш барои сокинони ду кишвар солҳои охир ба амал наомадааст.

Боварӣ дорам, ки дар оянда низ ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ густариш ёфта, дӯстиву муттаҳидии миллати тоҷику ӯзбек боз ҳам қавитар мегардад. Бигзор, дӯстии ин ду миллат абадӣ боқӣ монад. Ман аз фурсати муносиб истифода бурда, ба сарварони ду давлати ҳамҷавору дӯст Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев барои ин иқдому ташаббусҳои некашон изҳори сипоси худ ва кулли сокинони шаҳри Конибодомро мерасонам. Бигзор доимо танашон сиҳат ва дар фаъолияти роҳбариашон комёбиву бурдборҳо таманно менамоям.

* * *

Маҳбуба Назарова, сокини ноҳияи Поп, Ҷумҳурии Ӯзбекистон: - Бо кушода шудани гузаргоҳи сарҳадӣ, ба қавле, як норасоие, ки бахти оилавиамро халалдор мекард, пурра гардид. Маро волидонам бисту як сол қабл аз деҳаи Пунук ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба шавҳар дода буданд. Он вақт роҳҳо кушода, рафтуомад бехалал буд. Дар зиндагии оилавиам хушбахт, лекин ба дидори падару модари азизам, хоҳару бародаронам, ба роҳу кӯчаҳои деҳаи азизам зор будам. Бачагонам чандин сол инҷониб бобову бибии худро надида, аз навозишҳои онҳо бенасиб буданд. Кушодашавии гузаргоҳи сарҳадӣ бахти маро пурра гардонд, ормони маро амалӣ намуд. Дар рӯзи кушодашавии нуқтаи гузаргоҳӣ дидам, ки дар чашмони тамоми он занону модароне, ки аз Ӯзбекистон ба диёри мо шавҳар карда омадаанд ва аз деҳаҳои ноҳияамон ба Ӯзбекистон шавҳар кардаанд, ашк ҷорӣ шуд, - сиришки шодмонӣ.

Ин иқдоми нек танҳо бар манфиатҳо иду халқи бо ҳам дӯст, ҳамсоя асту халос. Зеро мо - тоҷикону ӯзбекон аз азал ҳамсоя, дӯст ҳастем, урфу одат, анъана, одатҳои якхела дорем ва моро ҷудо карда намешавад. Инро вақт собит сохт…

* * *

Иномҷон Қӯчқоров, сокини ноҳияи Ашт: - Санаи 1-уми март барои ду халқ, ду миллат рӯзи хотирмон ва фаромӯшношуданӣ буд. Дар маросими кушодашавии сарҳад наздик 10-11 ҳазор нафар ҷамъ шуда буданд. Хоҳару бародар ва дӯсту рафиқ пас аз солҳои тӯлонӣ ба ҳам омаданд. Якдигарро диданду бо чашмони ашкбор ҳамдигарро ба оғӯш гирифтанд. Шукрона доштанд, ки Пешвои муаззами мо – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев баҳри бо ҳам омадани ду халқу миллат сарҳадҳоро боз намуданд.

Ду халқ ид доштанд, иди дӯстию рафоқат. Хурду бузург рақсу шодӣ мекарданд. Маърӯзаи муовини аввали вилояти Намангони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Алишер Файзуллоев маро ба ваҷд овард, зеро ӯ таъкид кард, ки минбаъд сарҳад ва роҳҳои Ҷумҳурии Ӯзбекистон барои тоҷикистониён ҳамешагӣ боз хоҳад шуд, зеро миллати ӯзбеку тоҷик аз қадимулайём дӯсту бародар ҳастанд. Ҳоло дар вилояти Намангон се рӯзнома бо забони тоҷикӣ фаъолият карда истодааст ва мактабҳои тоҷикӣ низ амал мекунанд.

Намоиши ҳунарҳои миллӣ, дастархони пурнозу неъмат ва садои мутантани суруду мусиқӣ идомабахши чорабинии фараҳбахш буд.

Add comment


Security code
Refresh