Раҷаббой Аҳмадзода занони собиқадорро аёдат намуд

Иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар арафаи иди Рӯзи Модар ду нафар аз занони собиқадорро аёдат намуда, иди бонувонро барояшон табрик гуфт.

Яке аз онҳо собиқадори соҳаи саноат Ҳамро Тоҳирова мебошад, ки малакаю маҳорати худро солҳои зиёд барои рушди ин соҳа бахшидааст. Ҳамро Тоҳирова барои меҳнатҳои софдилонааш ба унвони Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ ва Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд сазовор гардидааст. Роҳбари вилоят ба собиқадори меҳнат паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонида, барояш саломатӣ ва давлати пирӣ таманно намуд.

Роҳбари вилоят ҳамзамон собиқадори меҳнат Биазиз Гулматоваро аёдат намуд. Мавсуф солҳои зиёд дар фабрикаи дӯзандагии шаҳри Хуҷанд кор кардааст ва натиҷаи заҳматҳову фаъолияти пурсамараш борҳо бо ордену медалҳо қадршиносӣ шудааст.

Ба занони собиқадор туҳфаҳои молии иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят супорида шуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh