Қарори Раиси вилояти Суғд дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор

«Дар бораи эълон намудани 1300 рӯзи меҳнати зарбдор

ба истиқболи 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»

Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ҷиҳати таъмини иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 декабри соли 2017, №968 «Дар бораи ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», нусха аз протоколи маҷлиси раёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 декабри соли 2017, №14, қарори иҷрокунандаи вазифаи Раиси вилоят аз 21 феврали соли 2018, №51 ва бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунии маҳалли зист ва сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Аз санаи 1 марти соли 2018 дар қаламрави вилоят ба истиқболи 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1300 рӯзи меҳнати зарбдор эълон карда шавад.

2. Воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва раисони шаҳру ноҳияҳо тибқи нақшаи чорабиниҳои баргузории ҷашни 30–солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор карда шаванд, ки бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои созандагию бунёдкорӣ, ободонию кабудизоркунӣ, таъмиру тармими биноҳои маъмурию истиқоматӣ, кӯчаву хиёбонҳо, гулгашту боғҳои фароғатию мавзеъҳои истироҳатӣ, инчунин тоза кардани маҳалли зист аз партовҳо, бо назардошти гузаронидани ҳашарҳои умумихалқӣ бо иштироки васеи ҷомеаҳои меҳнатии корхонаҳо, ташкилоту муассиса, хоҷагиҳо ва шаҳрвандон чораҳои заруриро амалӣ намуда, ҳар семоҳа ахбор ирсол намоянд.

3. Шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи Раиси вилоят, Идораи телевизион ва радиои вилоят, рӯзномаҳои вилоятии «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати», Муассисаи давлатии маҷаллаи «Паёми Суғд» барои инъикоси ҳамаҷонибаи дастоварду музаффариятҳои даврони соҳибистиқолии кишвар ва раванди корҳои ободонию созандагӣ бахшида ба ҷашни мазкур маводу барномаҳои ҷолиб омода, нашр ва пахш намоянд.

4. Қарори мазкур барои тасдиқ ба иҷлосияи навбатии Маҷлиси вакилони халқи вилоят пешниҳод карда шавад.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Р.М., муовинони Раиси вилоят Яъқубӣ А., Ғаффорӣ Н.А., Хоҷазода О.А. ва роҳбари дастгоҳи Раиси вилоят Сатторзода Х.Ҳ. гузошта шавад.

Раиси вилоят                                                          Раҷаббой Аҳмадзода


 

Add comment


Security code
Refresh