«ТОҶИКИСТОН – САРЧАШМАИ ОБҲОИ ЗУЛОЛ»
- Details
- Published on Tuesday, 27 March 2018 11:54
Чунин унвон дошт озмуне, ки бо ташаббуси Маркази таҳсилоти иловагии вилоят бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028” дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1-и шаҳри Гулистон баргузор гардид. Дар озмун ғолибони даври шаҳриву ноҳиявӣ ширкат доштанд.
Озмун аз рӯи 3 бахш - ташкили намоишгоҳ, маҳорати рассомӣ, газетаи девории беҳтарин доир гардид.
Дар бахши “Ташкили намоишгоҳ” ҷойи аввал насиби Бойназар Қосимов аз МТМУ № 2 - и ноҳияи Ашт гардид. Зинаҳои дуюму сеюмро Ҷасур Сатторов аз МТМУ № 2-и шаҳри Истиқлол ва Сарвинози Ислом аз МТМУ №1-и ноҳияи Мастчоҳ ишғол намуданд.
Дар бахши «Маҳорати рассомӣ” Шоҳрух Муродов аз Литсейи №1-и ноҳияи Ҷаббор Расулов пирӯз шуда, Аҳадҷон Ҳакимов аз МТМУ №6-и шаҳри Хуҷанд ва Диловар Худойбердиев аз МТМУ №31-и шаҳри Исфара зинаҳои ифтихории дуюм ва сеюмро ишғол намуданд.
Ҳамаи ғолибон ва иштирокчиёни озмун бо диплом, сипоснома ва тӯҳфаҳои хотиравии Раёсати маорифи вилоят қадрдонӣ карда шуданд.
Абдусабури АБДУВАҲҲОБ