Меҳробод: Мушкилот ва дастовард

Айни ҳол вазъи бунёдкориҳои шаҳрак чӣ гуна аст? Сокинонаш чӣ мегӯянд? Кадом масъалаҳои ҳалталаб мавҷуданд? Барои ба ин саволҳо ҷавоб ёфтан мо сӯи шаҳраки Меҳробод роҳ гирифтем.

Нақшаи кулли шаҳраки Меҳробод аз тарафи корхонаи лоиҳакашии «Суғдшаҳрофар» таҳия шуда, дар он бунёди 3 мактаб, 1 беморхонаи марказӣ ва 2 бунгоҳи тиббӣ, идораи маъмурӣ, 3 боғчаи бачагона, 8 бинои баландошёна, меҳмонхона, бозор, марказҳои хизматрасонӣ, чойхона, варзишгоҳҳо, ҳаммом ва дигар инфрасохтори иҷтимоӣ, ба монанди хатҳои оби нӯшокӣ, сохтмони ҳавзи обтаъминкунӣ бо ғунҷоиши 1000 метри мукааб бо биноҳои ёрирасон, роҳҳо ва чароғонкунӣ бо назардошти санъати баланди меъмории миллӣ ва санъатҳои шаҳрсозию шаҳрдории халқи тоҷик ба назар гирифта шудааст.

Корҳои сохтмонии Маркази саломатӣ дар шаҳрак моҳи феврали соли 2017 оғоз гардида, то имрӯз 70 фоизи корҳо ба анҷом расонида шудаанд. Сохтмончиён ният доранд, ки иншоотро моҳи августи соли 2018 ба «Фармоишгар» пешниҳод намоянд. Вале сохтмони дигар иншооти инфрасохторӣ то ҳол оғоз нагардидааст.

Тибқи қарори раиси ноҳия Муассисаи давлатии нигоҳдории иншооти сохташавандаи шаҳраки Меҳрободи Ҷамоати Суғдиён ташкил шудааст, ки он зина ба зина иншооти ба итмом расидаро қабул менамояд ва истифодабарӣ ва нигоҳубини онро ба зиммаи худ мегирад.

Мутобиқи маълумоти расмӣ дар марҳалаи аввал шаҳрак бо гузаронидани хатти оби нӯшокӣ аз лӯлаҳои полиэтиленӣ дар масофаи 4500 метр бунёди 2 чоҳи амудӣ, пойгоҳи обкашӣ ва обанбори дорои ду ҳавзи обзахиракунии ғунҷоишаш 1000 метри мукааб ба биноҳои ёрирасон барои таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ сохта ба истифода дода шудаанд.

Сокини шаҳрак Қутбиддин Баҳодуров гуфт, ки бо сабаби танг шудани шароити зист ӯ бо оилааш аз моҳи майи соли 2017-ум ба ин мавзеъ кӯчида омадааст. Мушкилоти асосии маҳалро дар дастрас набудани об баён дошт. Аввалан лӯлаҳои об фақат дар паҳлӯи роҳҳо кашида шуда, то маҳалли сукунати ӯ рафта намерасад. Илова бар ин, бо сабаби чуқур дар замин ҷойгир накардани лӯлаҳо дар фасли гармо об тафсон мешавад ва дар зимистон ях мебандад. Сокинон об гирифта наметавонанд ва аз истифодаи он маҳрум мемонанд.

Муаммои дигари сокинон таъминот бо қувваи барқ мебошад. Дар ин мавзеъ трансформатори калон насб шуда бошад ҳам, он то ҳол ба кор андохта нашудааст. Бо сабаби он ки талабот имрӯз ба истифодаи асбобҳои барқӣ ва қувваи барқ афзудааст, норасоии таъминоти қувваи барқ барои аҳолӣ мушкилот ба миён меоварад.

Ҳамчунин сокинони шаҳрак аз набудани мактаб ва фарогирии фарзандонашон бо таҳсил изҳори нигаронӣ намуданд.

Одина Одинаев - директори Муассисаи давлатии нигоҳдории иншоотҳои сохташавандаи шаҳраки Меҳрободи Ҷамоати Суғдиён гуфтаи сокинонро шарҳ дода, чунин баён дошт, ки сокинони шаҳрак мурувваттоб (задвиҷка) насб намоянд ва онҳо обро боз мекунанд. Бо сабаби он ки бархе аз сокинон ҷумакҳои обро нодуруст истифода намуда, онҳоро тез корношоям кардаанд, муассиса чанд ҷумакҳоро аз нав кардааст.

Оид ба масоили таъминот бо барқ О.Одинаев зикр кард, ки идораи барқи ноҳия бо барқ таъмин намуданро ба зимма гирифта, аммо бо сабабҳои маълум кормандон натавонистанд симчӯбҳои барқро насб кунанд. Мо инро ба сокинон фаҳмонида истодаем. То имрӯз дар шаҳрак ду трансформатори барқ насб карда шудааст, ки яке барои Маркази саломатӣ мебошад.

Муовини раиси ноҳияи Мастчоҳ Шавкат Солеҳиён баён дошт, ки лоиҳаи мактаб пешниҳод шудаасту моҳи майи соли ҷорӣ сохтмони як мактаб барои 240 нафар хонанда оғоз мегардад.

- Шароити мавзеъ рӯз аз рӯз беҳтар гашта, дар маҷмӯъ дар таъминоти обу нерӯи барқ танқисӣ дида намешавад, - гуфт сокини шаҳраки Меҳробод Абдулҳай Сангинов.

ӯ шаш моҳ аст, ки аз Ҷамоати деҳоти Оббурдон ба ин мавзеъ кӯчида омадааст. Фарзандонаш дар мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №26-и Ҷамоати деҳоти номбурда таҳсил мекунанд.

Ҳамсари А.Сангинов бошад, чунин мегӯяд:

- Чор фарзанд дорам ва муаммои асосӣ ин дур будани мактаб аз шаҳрак мебошад. Дар фасли сармо кӯдаконам дар роҳ азоб кашиданд. Нигаронкунандааш он аст, ки онҳо аз таҳсил дур монда истодаанд. Хеле хуб мебуд, сохтмони мактаб ҳарчӣ зудтар оғоз гардад.

Қайд кардан ҷоиз аст, ки ба ҳар як шаҳрванди эҳтиёҷманд аз шаҳраки Меҳробод ба андозаи 0,08 гектар замин барои сохтмон ҷудо шудааст.

Дар ҳамин даври соли гузашта мо маводеро оид ба бунёди шаҳраки мазкур омода намуда будем.

Айни ҳол дар шаҳраки Меҳробод 43 оила истиқомат мекунанд.

Чунон, ки маълум гашт, фикрҳо гуногун мебошанд. Яке мегӯяд, ки мушкилот ҳаст, дигаре онро инкор менамояд. Мусаллам он аст, ки дар ҷои кор ҳама вақт масоили ҳалталаб пайдост. Бо вуҷуди ин ҳар як шахси мутасаддӣ барои ҳарчӣ зудтар ва бо эҳсоси масъулиятшиносӣ дар ҳалли масоил вуҷуддоштаи ба ӯ марбута бояд саъю кӯшиши худро равона намояд. Чунки асоси фаъолияти ҳар корманд ин хизмат намудан ба ҷомеа аст.

 Улуғбек ХУДОЙБЕРДИЕВ,
 Шаҳбону ОЛИМОВА,
 «Ҳақиқати Суғд»,
Хуҷанд-Мастчоҳ-Хуҷанд

Add comment


Security code
Refresh