Тадбири ҳадафманд

Таъсиси иттиҳодияи ҷамъиятии «Иттифоқи байналмилалии нависандагон ва табибон», ки шӯруъ аз моҳи марти соли равон фаъолият кард, кулли сокинони вилоятро хушнуд гардонид.

Ҳадафи асосии иттиҳодия мусоидат дар таҳия, тарҷума ва то ба мардум расонидани омори китобҳои беҳтарини олимон ва нависандагони ҷаҳон, ҳамчунин муаррифии Тоҷикистон дар сатҳи умумиҷаҳонӣ, бозгӯи таҷассум ва ифодаи ғояҳои башардӯстӣ дар осори узви ташкилот, фаъолияти озоди эҷоди нависандагону табибон, ҳимояи асолати бадеӣ ва миллии осори адабӣ, инкишоф ва густариш додани забони тоҷикӣ, таҳкими робитаҳо ва ҳамбастагии адабиёти халқҳо мебошад.

Аъзои иттиҳодия ҳамарӯза барои беҳтар шудани фаъолияти касбии нависандагон ва табибони Тоҷикистон, ҳимояи ҳуқуқҳои қонунии онҳо дар боби озодии виҷдон, сухан ва ақида, ба роҳ мондани тарҷумаи адабиёти тоҷик бо забонҳои дигар ва баргардонии осори адабии халқҳои дигар бо забони тоҷикӣ мусоидат менамоянд. Инчунин, ба намояндагони русзабони аҳолӣ ва дигар миллатҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ менамоянд, ёрӣ мерасонанд. Ҳамчунин, кормандон дар ҳифзу тарғиби мероси адабӣ, ба амал баровардани тадбири хайриявӣ дар рӯзҳои ид, таъсиси фондҳо ва сандуқҳои хайриявӣ, коркард ва амалии лоиҳаҳо оид ба инкишофи устуворонаи минтақаҳои кӯҳистон фаъолияташонро ҷоннок намуда, барои таҳкими гендерӣ ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар байни аҳолӣ корбарӣ менамоянд.

То кунун аъзои ташкилот чанд кӯдакони камбизоатро бо либос ва хӯрока таъмин намуда, ёрии моддӣ расонидаанд ва барои ташкилу гузаронидани конференсияву семинар, чорабиниҳо оид ба масъалаҳои рӯзмарраи ҳуқуқи занон ва кӯдакон, беҳбудии зиндагии онҳо саҳм мегиранд.

Шоира САЛИМОВА,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh