Қиммати об бештар аз тиллост!

Табиат муъҷизаҳои зиёде дорад, вале ба эътирофи умум муҳимтарину беҳамтотаринаш об аст, зеро бе об на зиндагӣ ҳасту на гулу гиёҳ. Ҳанӯз дар асри IV пеш аз милод Арасту гуфта буд: “Об муъҷизаи бебаҳои табиат буда, асоси пайдоишу пойдории дунёст”. Гузаштагони мо обро чун неъмати пок медонистанд. Об ба сифати неъмати поку равшан, бахту иқбол шинохта шудааст. Тоҷикистон бобати захираҳои об дар ҷаҳон яке аз ҷойҳои намоёнро ишғол менамояд.

 Захираи об дар табиат хеле фаровон аст, вале мувофиқи тасдиқи экологҳо танҳо се дарсади ин захираи ҷаҳониро обҳои нӯшиданӣ ташкил медиҳанд, ки аз ин як дарсадаш то ҳол барои инсоният дастнорас аст. Беш аз се миллиард аҳолии олам дар 80 мамлакати ҷаҳон аз ҷиҳати дастрасӣ ба оби тоза душворӣ мекашанд. Дар чанде аз кишварҳои дунё қиммати об бештар аз қиммати тиллост.

 Олимони соҳаи тиб исбот ва ба аҳолӣ ҳушдор додаанд, ки манбаи пайдоиши як қатор бемориҳои хавфнок ва душвормуолиҷа чун домана, тиф маҳз танқисии оби нӯшокист. Яъне, об омили саломатии инсоният ва ҳимояи одамон аз бемориҳост. Ҳамагон бояд дар мадди назар дошта бошанд, ки на ҳамаи захираҳову сарчашмаҳои об доимӣ ва адонашавандаанд. Ин маврид даъвати устод Лоиқ ба ёд меояд: “...Ба қадри обҳои ҷорӣ мебояд расид имрӯз, ки фардо хушк хоҳанд шуд”.

 Тоҷикистони биҳиштосои мо дар саргаҳи оби тоза аст, захираи фаровони оби тоза насибаш гаштааст. Кишвари мо аз нигоҳи дастрасӣ ба оби тозаи нӯшиданӣ дар ҷаҳон мавқеи намоён дорад . Вале ин барои мо набояд танҳо муҷиби осуда будану ташвише надоштан бошад. Мо - аҳли диёр, бояд истифодаи оқилонаи ин сарвати арзишманди табиӣ, сарфа кардану покиза нигоҳ доштани онро хуб донем ва риоя намоем. Оби ҷӯйбору сойҳо ва дарёҳоро ифлос нанамоем. Зеро тозагии об - кафили саломатии мост.

 Тухтасӯн ҚОДИРОВ,
ноҳияи Ашт

Add comment


Security code
Refresh