Сокини ниёзманди ноҳияи Мастчоҳ дастгирӣ ёфт

Рӯзи 5 апрели соли равон Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба ноҳияи Мастчоҳ сафари корӣ анҷом дод.

Дар оғози сафар Раиси вилоят ба манзили истиқоматии сокини ноҳия Қурбонбибӣ Норматова ташриф овард. Бояд гуфт, ки хонаи истиқоматии номбурда қаблан бар асари сӯхтор зарар дидааст ва Қурбонбибӣ Норматова ҷиҳати дарёфти кӯмак рӯзи 14 феврали соли ҷорӣ зимни қабули шаҳрвандон дар ноҳияи Мастчоҳ ба Раиси вилоят муроҷиат намуда буд. Муроҷиати шаҳрванд аз ҷониби сохторҳои марбутаи вилоятӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт ва тибқи хулосаи масъулин тасмим гирифта шуд, ки ба оилаи Қурбонбибӣ Норматова ҳамчун оилаи эҳтиёҷманд кӯмак расонида шавад.

Раиси вилоят дар суҳбат бо аҳли хонаводаи Норматовҳо таъкид кард, ки бо дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қишри ниёзманди ҷомеа ҳамеша дастгирӣ карда мешавад ва шахсони яккаву танҳо ва оилаҳои камбизоат зери таваҷҷуҳ қарор доранд. Дар ин рӯзи пур аз фараҳ барои сохтмони манзили истиқоматии Қ. Нурматова аз ҷониби роҳбарияти вилоят кумак расонида шуд. Раҷаббой Аҳмадзода кӯмакпулии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятро дар ҳаҷми 20 ҳазор сомонӣ ба Қурбонбибӣ Норматова супорид. Инчунин масолеҳи сохтмонӣ ба монанди чубу тахта ва дару тиреза низ дастрас карда шуд.

Қурбонбибӣ Норматова бо хурсандии зиёд кӯмакро қабул намуда, барои дастгириҳои пайваста миннатдории худро ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон расонид.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh