Супориш оё дар нӯҳ моҳ иҷро мешавад?

Қарори Раиси вилояти Суғд аз соли 2015 барои корҳои созандагиву ободкорӣ дар бунёди шаҳракҳои Сайҳун, Баҳористон ва Моҳпарӣ, инчунин азхудкунии заминҳои бекорхобидаи ноҳияи Деваштич ба тасвиб расида буд. Тибқи меъёрҳои ҳуқуқӣ аз лаҳзаи ба тасвиб расидани қарор шаҳрак, яъне хонаҳои истиқоматӣ бояд дар муҳлати 3 сол сохта ба истифода дода мешуд. Аммо то ба имрӯз вазъият нигаронкунанда аст. Чаро?

Шунидан кай бувад монанди дидан...

Тавре мушоҳидаҳо нишон доданд, дар шаҳраки навбунёди Баҳористон ин қарор аз назари масъулин дур мондааст. Аз лаҳзаи ба имзо расидани он тақрибан 2 солу 3 моҳ гузаштааст. Агар бо ақли солим ҳисоб карда шавад, бояд дар ин муҳлат 75 фоизи корҳои сохтмонӣ ба иҷро мерасиданд.

Раиси шаҳри Истаравшан соли гузашта дар мусоҳибааш иброз дошта буд, ки гӯё сохтмони шаҳрак аз аввали баҳори соли 2017 тибқи қарордод ба дӯши ширкатҳои чинӣ вогузор хоҳад шуд. Гӯё тибқи қарордоди мазкур хонаҳои истиқоматии нақшавӣ (плановқй дом) сохта, ба мардум тариқи кредитии дарозмуддат пешниҳод мешуд.

Он лаҳза мо ҳини мусоҳиба хушҳол шуда будем. Ба ин хотир гумон кардем, ки шояд фоизи зиёди корҳои сохтмонӣ ба анҷом расидаанд. Вале ҳайҳот! Ҳамон биноҳои нимсохте, ки соли 2016 сохта буданд, ҳамон тавр боқӣ мондаанду халос. То ба ҳанӯз ҳеҷ навгоние дида намешуд.

ҳолати воқеии онро дидан замон табъамон хира гардид. Зеро, ягон сохтмони нав дида намешуд, мисли пешин хонаҳои истиқоматӣ нимасохт боқӣ мондаву аз коттеҷҳо асаре нест. Ягон хонаи баландошёна ба чашм намерасид.

Оид ба ободонии шаҳрак ҳаминро гуфтан ҷоиз аст, ки танҳо як бунгоҳи тиббӣ ва дарахтони ороишии сабз шаҳракро зеб дода истодаанду халос. Дигар ҳеҷ чиз нест. Ҳамагӣ се оила кӯчида омадаанду аз дигарон на пай ҳасту на ҳайдар.

Ҳолати мазкур моро маҷбур кард, ки бори дигар бо суоли болоӣ ва ваъдаи додашуда бо раиси шаҳр суҳбат ороем. Аммо бо баробари ворид гардидан ба бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳри Истаравшан муносибати навбатдор ва кормандон моро дар ҳайрат гузошт.

Баъзе масъулини шаҳрдорӣ гуфтанд, ки гӯё раис дар утоқи корӣ қарор дорад. Аммо дар қабулгоҳ гуфтанд, ки «раис дар ҷои корӣ несту дар мавзеи Сексарист.

Чанд саволе бобати бунёди шаҳраки Баҳористон доштем, натавонистем ба онҳо ҷавоб бигирем. Вале тақдири шаҳрак дар соли 2018 масъалаи рӯз боқӣ мемонад.

Агарро бо магар тазвиҷ карданд...

Бунёди шаҳракҳои нав имкон медиҳанд, ки заминҳои бекорхобида аз худ карда шуда, ҳазорҳо оилаҳои ниёзманд дар баробари бунёди манзили истиқоматӣ соҳиби замини корам, боғу токзор ва кори доимӣ шаванд.

Дар шаҳраки Баҳористон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нахуст бо гузоштани санги асос дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ дар шаҳраки навбунёд барои 35 ҳазор нафар аҳолии шаҳри Истаравшан ва ноҳияи Деваштич иштирок дошта буданд. Тибқи нақшаи генералӣ шаҳраки Баҳористон аз ҷониби корхонаи воҳиди давлатии «Лоиҳакаш»-и шаҳри Истаравшан таҳия гардида, аз тарафи шӯрои шаҳрсозии Агентии меъморӣ ва сохтмон қабул гардидааст. Дар ҳудуди шаҳрак ба 3630 оилаи эҳтиёҷманд барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ, котеҷҳо ва биноҳои баландошёна қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардидаанд.

Аз оғози бунёди шаҳраки Баҳористон мумфаршкунии роҳи маркази шаҳрак бо масоҳати 11 ҳазор метри мураббаъ, таъминоти барқ ва васли трансформатори 400 кв., чароғонкунии маркази шаҳрак, бунгоҳи тиббӣ ва азнавсозии пойгоҳи обкашӣ, кофтани 2 адад чоҳи амудӣ ва хатти оби нӯшокӣ ба масофаи 2400 метр бо маблағгузории буҷети вилоятӣ ба маблағи умумии 8,7 миллион сомонӣ ба иҷро расонида шудаанд.

- Алҳол дар қитъаҳое, ки ба шаҳрвандон вобаста шуда буданд, 16 хонаи истиқоматӣ бомпӯш карда шуда, дар 45 хонаҳои истиқоматӣ корҳои таҳкурсии бетонӣ гузаронида шуда, кишти гулҳои мавсимӣ дар 400 метри кубӣ дар назар дошта шудааст, - изҳор намуд иҷрокунандаи сарвари муассисаи шаҳрак З.Саъдуллоев.

Инчунин, барои шинос шудан бо ҷараёни корҳои ободонӣ 21 январи соли 2017-ум дар шаҳрак ситоди корӣ бо иштироки муовинони Раиси вилоят, роҳбарон ва масъулини ташкилоти гуногуни шаҳриву ноҳиявӣ гузаронида шуда, рафти корҳои сохтмониву ободонӣ мавриди таҳлил қарор гирифтанд. Ба масъулини соҳаҳо супориш оид ба оғоз намудани корҳои сохтмонӣ, ҷудо намудани замин барои бунёди гармхонаҳо ва пешниҳоди рӯйхати шаҳрвандоне, ки ба онҳо қитъаи замин ҷудо гардидааст, дода шуд.

Инчунин, бобати тайёр намудани лоиҳаи хатҳои муҳандисии дохили шаҳрак ва таъмини нақша ба оғози сохтмони хонаҳои баландошёна ва коттеҷҳо, иваз намудани 1 адад трансформатор ва тартиб додани лоиҳаи таъминоти барқи дохили шаҳрак ва корбарӣ ҷиҳати додани барқ ба мавзеи ноҳияи Деваштич ба масъулин супориш шуда буд.

Бино ба иттилои масъулин оғози корҳои сохтмонӣ аз аввали баҳори соли 2017 барои сохтмони биноҳои истиқоматӣ ва баландошёна бо якчанд ширкатҳо, аз ҷумла чинӣ бояд ба роҳ монда мешуд. Дар давраи баъди ситод шаҳрвандон дар 4 қитъаи замин корҳои сохтмониро оғоз намуда, супоришҳои додашуда дар марҳалаи иҷро қарор дорад.

Аз тасвиби қарор 2 солу 3 моҳ гузашт. Яъне, 9 моҳи дигар монд, ки корҳои сохтмонӣ амалӣ гарданд. Оё дар ин муддат нақшаҳо амалӣ мешуда бошанд?

Гулҷаҳон Маҳкамова,
Шаҳноза Ҳомидова,
«Ҳақиқати Суғд»

Add comment


Security code
Refresh