Риояи қонун ба манфиати ҷомеа

Дар Муассисаи давлатии Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҷамъиятии вилоятӣ доир гардид. Дар ҷаласа муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо ва аъзоёни Шӯрои ҷамъиятӣ иштирок карданд. Аъзои Шӯрои ҷамъиятии вилоятӣ ду масъала - иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» дар шаҳру навоҳии вилоят ва ҷараёни татбиқи иқдоми соли 2018 – “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ”-ро мавриди муҳокима қарор доданд. Ҷаласаро Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Сарфароз Фаттоҳзода ҳусни оғоз бахшида, вобаста ба нақш ва мақоми Шӯрои ҷамъиятӣ дар баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии сокинон ва ҷалби онҳо ба пешбурди фаъолияти ҷамъиятӣ ҳарф зад. Мавсуф оид ба иҷрои қонуни мазкур дар шаҳру навоҳии вилоят маълумоти муфассал дод. Зикр гардид, ки дар семоҳаи аввали соли равон дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 4510 тӯйи домодиву арӯсӣ баргузор гардид, ки ҳангоми гузаронидани санҷиш 51 қонуншиканӣ ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин бобат чанде аз аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ вобаста ба тарғибу ташвиқи иҷрои ҳатмии қонуни мазкур, маҳаки асосии қонун, риояи қонун баҳри беҳ гардонидани вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷомеа андешаи хешро баён доштанд. Доир ба масъалаи соли 2018 – «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» мудири шуъбаи энергетика ва саноати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят Озифхон Шарифзода андешаронӣ кард.

Қайд гардид, ки алҳол дар миқёси вилоят 264 Маркази таълимӣ – истеҳсолӣ фаъолият дорад, ки аз он 193 адад ба атласу адрасбофӣ ва 71 –тоаш ба қолинбофии дастӣ машғул аст. Ҳунармандони вилоят дар семоҳаи аввали соли равон зиёда аз 207,8 ҳазор метр матоъи дастибофи гуногунранг истеҳсол карда, аз он 198, 2 ҳазор метр атласу адрас ва 4,4 ҳазор метр қолин ба фурӯш бароварда шудаанд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба ҳунармандоне, ки дар шароити хона ба истеҳсол машғуланду моли хешро ба фурӯш баровардаанд, аз ҳамаи намуди андоз озоданд. Айни замон зиёда аз 105 намуди  ҳунарҳои мардумӣ ба қайд гирифта шудааст. Тавре дар ҷаласа таъкид гардид, ба муносибати “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” бо мақсади дастгирии ҳунармандон гранти Раиси вилоят ба маблағи 420 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шуда, барои 60 нафар ҳунармандон муқаррар гардидааст.

Муовини якуми Раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо оид ба масъалаҳои баррасишуда ва омодагӣ ба истиқболи ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 1300 рӯзи ободонӣ фикру андешаашро иброз дошт.

Дар анҷом лоиҳаи қарори Шӯрои ҷамъиятии вилояти Суғд аз ҷониби аҳли нишаст қабул гардид.

Т.АЛИЕВА,
“Ҳақиқати Суғд”

Add comment


Security code
Refresh