Истаравшан: Конфронси илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Нақши зан дар ҷомеа»

Дар толори калони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Истаравшан бахшида ба 80 – солагии ходими намоёни давлатию ҷамъиятӣ, сиёсатмадори варзида Гулҷаҳон Бобосодиқова конфронси илмӣ – назариявӣ дар мавзӯи «Нақши зан дар ҷомеа» баргузор гардид.

Дар кори конфронс фаъолзанону ҷавондухтарон, собиқдорони ҷангу меҳнат, намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ, омӯзгорону табибон, раисони Шӯрои духтарон, донишҷӯёни коллеҷҳо ва намояндагони ВАО иштирок намуданд.

Нахуст, Нигора Наимҷонзода муовини раиси шаҳр  сухан нашуда, иброз намуд, ки Бобосодиқова Гулҷаҳон соли 1961 мактаби бузурги кор бо ҷавононро гузашта, ба иҷрои корҳои хизбӣ шурӯъ намуд. Дар вазифаҳои котиби кумитаи ҳизбии ноҳияи марказӣ, котиби якуми кумитаи ҳизбии шаҳри Душанбе ва котиби Кумитаи марказии Ҳизби Коммунистии Тоҷикистон доир ба корҳои идеологӣ интихоб гардидаанд ва чун зани соҳибдонишу соҳибирода дар тозакориҳои Ватан устуворона қадам заданд.

“Барои фаъолияти пурмаҳсули чандинсола ин зани сиёсатмадор бо чандин мукофотҳо ва унвонҳои баланди давлатӣ қадрдонӣ шудааст, вале унвони баландтарини Гулҷаҳон Бобосодиқова ин сазовор будан ба эътимоди мардум аст” – афзуд Н. Наимҷонзода.

Сипас, маърӯзаи Гулҷаҳон Бобосодиқова  дар мавзӯи «Нақши зан дар ҷомеа» шунида шуд. Номбурда аз талошҳои пайвастаи давлату ҳукумати кишвар нисбат ба занону духтарон, азму иродаи қавӣ, ватандусту меҳнатқарин будани занон ҳарф зада, даъват ба амал овард, ки бояд ҳар як нафар баҳри якпорчагиву ободонии кишвари биҳиштосоямон саҳмгузор бошанд.

Дар рафти конфронс мудири шуъбаи кор бо занони ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр Ф. Мӯъминова, раиси КИШ ҲХДТ М.Ш. Мухторова, раиси Шурои занони самти тандурустӣ Н. Азимова, раиси Шурои духтарони шаҳр З.Эркаева, фаъолазанон  Х.Фозилова, С.Содиқова, М.Искандарова баромад намуда, оид ба нақш ва манзалати зан дар даврони Истиқлолияти давлатӣ ибрози ақида намуданд.

 Як гуруҳ донишҷӯдухтарони литсейи касбӣ-техникӣ бо қироати шеър ва гуфторҳои бузургон дар васфи занон хотири ҳамагонро шод намуданд.

Рамзи эҳтиром барои заҳматҳои тӯлонӣ ба зани сиёсатмадори давр Гулҷаҳон Бобосодиқова Сипоснома ва туҳфаи хотиравии роҳбарияти шаҳр тақдим карда шуд. 

Шералӣ АЗИМӢ
Котиби матбуоти раиси шаҳри Истаравшан

Add comment


Security code
Refresh