Дар ноҳияи Деваштич аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қабули шаҳрвандон баргузор шуд

Рӯзи 26 апрел Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои саҳроӣ ва ҷараёни сохтмони иншооти гуногун ба ноҳияи Деваштич сафари корӣ анҷом дод.

Дар ин рӯз нахуст дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия аз ҷониби Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода қабули шаҳрвандон баргузор шуд ва 48 нафар бо масъалаҳои вобаста ба саҳми замин, манзил, таъмин шудан бо оби нӯшокиву полезӣ, таъмири роҳҳо, дарёфти кӯмакҳои моддӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, масоили марбут ба соҳаҳои маорифу тандурустӣ ба роҳбари вилоят муроҷиат карданд.

Раҷаббой Аҳмадзода зимни таҳлилу баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон таъкид кард, ки ҳар як муроҷиат сари вақт баррасӣ гардида, ҷиҳати ҳалли мушкилоти ҷойдошта чораҷӯӣ карда мешавад. Ба роҳбарони марбутаи воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Деваштич дастур дода шуд, ки барои ҳалли мушкилоти иҷтимоии сокинон тадбирҳои зарурӣ андешида шавад.

Хотирнишон бояд кард, ки қабули шаҳрвандон бо мақсади иҷрои дастури супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон ва ҳалли мушкилоти мавҷуда доир мешавад. Қабл аз ин бо иштироки Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияҳои Мастчоҳу Ашт рӯзҳои қабули шаҳрвандон доир шуда буд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh