Дар ноҳияи Деваштич ба бунёди маркази саломатӣ ва боғчаи бачагона санги асос гузошта шуд

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни сафари кории худ ба ноҳияи Деваштич ба Ҷамоати деҳоти Яхтан ташриф оварда, ба бунёди маркази саломатӣ ва боғчаи бачагона санги асос гузошт.

Маврид ба зикр аст, ки дар Ҷамоати деҳоти Яхтани ноҳия беш аз 16 ҳазор нафар умр ба сар мебаранд ва бо назардошти афзоиши аҳолӣ дар ин минтақа маркази саломатӣ бо 8 ҳуҷра ва  кӯдакистон бо 240 ҷой бунёд мешавад.

Зимни суҳбат бо сокинони ҷамоат Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода иброз намуд, ки дар партави сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои вилоят корҳои ободониву бунёдкорӣ ҷараён дошта, дар ин росто дар ноҳияи Деваштич низ тадбирҳои мушаххас амалӣ карда мешавад. Аз ҷумла, соли равон дар ноҳия бунёди боғи фарҳангӣ-фароғатӣ бо гузоштани нимпайкараи Ӯрунбек Ёқубов ва навсозии 17 км роҳи даромади ноҳия ба нақша гирифта шудааст, ки барои сокинони ноҳия туҳфаи хубу арзанда хоҳад буд.

Дар идомаи сафар Раиси вилоят бо рафти сохтмони таваллудхонаи ноҳиявӣ шинос гардида, ба сохтмончиён дастур дод, ки корҳоро бо сифати баланд ба иҷро расонанд. Бояд зикр кард, ки бинои таваллудхона дар масоҳати 1,7 гектар бунёд ёфта, аз ду ошёна иборат аст ва барои 131 кати беморӣ пешбинӣ шудааст. Бунёди иншооти мазкур ибтидои солҳои навадуми асри гузашта оғоз ёфта, сохтмони он бо сабабҳои гуногун нотамом боқӣ монда буд. Бо дастгирии молиявии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят азнавсозии таваллудхона дубора сар шуд ва ҳоло 80 фоизи корҳои сохтмонӣ ба анҷом расонида шудааст.

Сипас, Раиси вилоят бо рафти кишти картошка дар хоҷагиҳои деҳқонии ба номи Эргашалӣ Амонов ва Малика Сайфиддиноваи Ҷамоати деҳоти Муҷун шинос шуда, бо деҳқонон суҳбат орост. Дар аснои суҳбат Раҷаббой Аҳмадзода таъкид намуд, ки кишоварзон бояд ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ва таъмини фаровонҳосилӣ кӯшиш намоянд.

Раиси вилоят дар Ҷамоати деҳоти Муҷун ҳамзамон ба фаъолияти чорводор Элмуҳаммад Турдиалиев таваҷҷуҳ зоҳир намуд. Мавсуф ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш парвариши чорвои калону хурди зотҳои чехиву олмонӣ ва англисиро омӯхта, ин навъи молҳолро ба ноҳия ворид намудааст. Айни замон молҳои воридкардашуда ба иқлими минтақа мутобиқ шудааст.

Дар поёни сафари корӣ ба ноҳияи Деваштич Раиси вилоят собиқадорони меҳнат - Ҳамида Отаеваи 67 сола, иштирокчии ҶБВ Муҳиддин Баротови 97 сола ва Ёқубалӣ Нуралиеви 75 соларо аёдат намуда, ба онҳо аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  кӯмакҳо тақдим намуд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

 
 
 
 
 
 

Add comment


Security code
Refresh