Нозиярони навраси ҳаракат

Бо мақсади пешгирии содиршавии ҳодисаҳои нохуши роҳу нақлиёт бо иштироки кӯдакону наврасон ва ҷалб намудани диққати идораю ташкилот, корхона ва воситаҳои ахбори омма ба масъалаи мазкур байни шаҳру ноҳияҳои вилоят озмуни ҳаштуми ҷумҳуриявии “Нозирони навраси ҳаракат” баргузор гардид.

Озмун аз ҷониби аъзоёни ҳакамон, ки аз намояндагони масъули шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии вилоят, Раёсати маориф, Раёсати тандурустӣ ва Иттифоқи автомобилчиён иборат буданд, баҳогузорӣ карда шуд.

Нозирони наврас аз рӯи шартҳои сафороӣ, сурудхонӣ, иҷрои фармонҳо, гардиш дар ҷой, рондани дучарха аз байни монеаҳо, расонидани ёрии аввалини тиббӣ ва иҷрои ишораҳо вобаста ба танзим даровардани ҳаракат дар роҳҳо байни ҳам қувваозмоӣ намуданд.

Дастаи “Нозирони навраси ҳаракат”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов бо нишон додани маҳорат ва малакаи баланд бо гирифтани 82,5 хол сазовори ҷои аввал гардид. Чунин дастаҳои ноҳияи Зафаробод бо гирифтани 66,5 хол ҷои дуввум ва ноҳияи Спитамен бо гирифтани 58,5 хол ҷои сеюмро соҳиб гаштанд.

Озмуни мазкур дар шаҳру ноҳияҳои Деваштич, Гулистон, Мастчоҳ ва Бӯстон гузаронида шуда, дастаҳои шаҳру ноҳияҳои Конибодом бо гирифтани 86,5 хол, Истаравшан бо 84 ва Бобоҷон Ғафуров 80,5 хол дар даври минтақавӣ сазовори ҷои аввал гардиданд ва роҳхати мусобиқаро ҷиҳати иштирок дар озмуни вилоятӣ ба даст оварданд.

Карим ҶУМАЕВ, майори милитсия,
Ҷовид САФАРЗОДА лейтенанти милитсия

Add comment


Security code
Refresh