Бӯстон : Қадршиносии фидоиён

26 апрел мулоқоти раиси шаҳри Бӯстон Раъно Ҳошимзода бо бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил баргузор гардид. 

Роҳбари шаҳр нахуст аз раванди корномаҳои беназири фарзандони ҷоннисори Ватан дар амри иштирок ва бартарафкунии садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ибрози назар намуд. Қайд карда шуд, ки хизматҳои шоёни Чернобилчиён аз ҷониби давлату Ҳукумат зери роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамаҷониба мавриди қадршиносӣ қарор дода шуда, раванди табобат ва вазъи иҷтимоии онҳо зери назорати ҳамешагӣ аст.

Зикр карда шуд, ки баҳри бартараф намудани ин ҳодисаи мудҳиш дар қатори дигар ҳамватанон аз шаҳри Бӯстон низ 200 нафар ҷавонмардон бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои анҷом додани ин амали башардӯстона ширкат варзидаанд.

Дар интиҳо ба иштирокдорон кӯмакҳои молиявӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

Бояд қайд намуд, ки дар шаҳри Бӯстон имрӯзҳо 9 нафар бартарафкунандагони садамаи Нерӯгоҳи барқӣ-атомии Чернобил ва 2 оилаи бесаробонмондаи фоҷеаи мазкур умр ба сар мебаранд.

 Мамнури МЭЛС

Add comment


Security code
Refresh