Конибодом. Дар Рӯзи қабули шаҳрвандон 60 нафар ба Раиси вилоят муроҷиат намуданд

Рӯзи шанбеи 28 апрел аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Конибодом қабули шаҳрвандон баргузор гардид.

Дар рӯзи қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси вилоят бо масоили марбут ба саҳми замин, манзил, ҳимояи ҳуқуқ ва дарёфти кӯмакҳои моддӣ 60 нафар муроҷиат намуданд.

Раҷаббой Аҳмадзода арзу дархост ва таклифу пешниҳодоти сокинони шаҳрро шунида, масъулинро ҷиҳати ҳалли масоили мавҷуда вазифадор намуд. Зимни таҳлили муроҷиатҳои сокинони шаҳр Раиси вилоят таъкид намуд, ки аксари арзу дархости воридшударо метавон дар сатҳи маҳал баррасӣ ва ҳал кард. Дар робита бо ин ба роҳбарияти шаҳр дастур дода шуд, ки минбаъд ҷиҳати баррасӣ ва ҳалли саривақтии масъалаҳои мубрами иҷтимоӣ таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир карда шавад.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh