Конибодом. Раиси вилоят собиқадоронро аёдат намуд

Зимни сафари корӣ ба шаҳри Конибодом Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода чанде аз собиқадорони меҳнатро аёдат намуд.

Раиси вилояти нахуст ба манзили Корманди шоистаи Тоҷикистон Ҳусенбой Ҷабборов ташриф овард. Мавсуф 78 сол дорад ва солҳои зиёд барои таълиму тарбияи насли ҷавон меҳнат намуда, дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла раиси ҷамоати Пӯлотон ва мудири шуъбаи умумии ҳукумати шаҳр кор кардааст.

Дар ин рӯз ҳамчунин Нурулло Норбоев ва Бурҳон Тоҳиров низ аёдат карда шуданд. Нурулло Норбоев собиқадори амният буда, Бурҳон Тоҳиров собиқадори соҳаи маориф мебошад.

Аёдатшудагон аз дастгириву ғамхориҳои пайвастаи давлату Ҳукумат, хоса Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон болидаруҳ гашта, барои фардои дурахшони мамлакат дасти дуо бардоштанд.

Хадамоти матбуоти
Раиси вилояти Суғд

Add comment


Security code
Refresh