Маърифати истифодаи обро баланд бардорем!

Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”

«Об, ту на мазза дориву на ранг ва на бӯй, туро тасвир кардан имконнопазир аст. Гуфта намешавад, ки ту барои ҳаёт зарурӣ, ту худ ҳаётӣ! Ҳамроҳи ту ба ҷисми мо қувваҳое бозмегарданд, ки мо бо онҳо аллакай падруд гуфтанием. Бо раҳму шафқати ту чашмаҳои хушкидаи дили мо аз нав ба тапиш меоянд. Ту аз ҳама боигарии калонтарин дар ҷаҳонӣ.”

Антуанна де Сент Экзюпери,
нависандаи фаронсавӣ.

Ин гуфтаи нависандаи бузург бебаҳс аст. Аз чор се ҳиссаи замини моро об ташкил диҳад ҳам, дар аксар мамолики ҷаҳон таъмини аҳолӣ бо оби нӯшокӣ ташвишовар аст. Мувофиқи маълумот дар ҷаҳон аз сабаби паст будани сифати оби нӯшокӣ ҳар сол то 500 миллион нафар гирифтори бемориҳои гуногун гардида, қариб 5 миллион нафар ба ҳалокат мерасанд ва беш аз 1 миллиард аз оби нӯшокӣ танқисӣ мекашанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаҳои аввалин ба ин масъала диққати ҷиддӣ медиҳанд ва ин навбат боз аз моҳи марти соли равон Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028” оғоз гардид.

Муносибати бераҳмона бо сарчашмаҳои обӣ боиси сар задани бемориҳо мегардад. Дар таърих мисолҳо зиёданд, ки чӣ тавр қавму миллатҳо дар масъалаи об моҷаро намудаанду шаҳрҳо ба харобазор табдил ёфтаанд. Унсури асосии зиндагӣ будани об аст, ки гиромӣ доштани ин неъмати бебаҳо реша дар умқи таърих дорад.

Дар замони кунунӣ, ки аҳолии сайёра аз танқисии об дар азоб асту кишварамон сарзамини обшорон номида мешавад, мо бояд чӣ гуна рафтор намоем, то амалисозандаи суханони Пешвои миллат оид ба сарфа ва истифодаи самараноки ин неъмати бебаҳо бошем? Ба фарзандони худ ҳам фаҳмонем, ки ба қадри об расидан аз як ҷониб расидан ба қадри неъмат бошад, дигар саҳмгузорӣ дар иқтисодиёт ва буҷети оила мебошад.

Дар бисёр гӯшаи дунё аз сабаби набудани оби нӯшокӣ аз борон истифода мебаранд.

Ба дараҷаи истифодаи об дар заминҳо низ бояд диққати хоса диҳем.

Мутаассифона, ҳолатҳое ҳастанд, ки обмониҳои бенақша ва дуру дароз дар заминҳои кишт ба назар мерасанд. Дар ин самт ба роҳ мондани обёрии реҷавӣ мувофиқи мақсад мебошад. Имрӯзҳо гузаштан ба обёрии қатрагӣ тарғиб гардида, ин шакли обмонӣ басо мувофиқ аст.

Раванди асосӣ дар истифодаи об ин тарғиби усулҳои пешқадами кишоварзӣ байни омма ва баланд бардоштани шуурнокии экологӣ, иқтисодӣ ва башардӯстии аҳли ҷомеа мебошад.

Саодатхон ҶАББОРОВА,
омӯзгори Коллеҷи омӯзгории шаҳри Конибодом,
 Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

Add comment


Security code
Refresh